Маркази исломии Тоҷикистон: Ба кудакон Қуръону намоз биомӯзед
Маркази исломии Тоҷикистон дар шарҳи роҳҳои муваффақи тарбияи фарзандони накукору дорои ахлоқи ҳамида аз Қуръон ва намоз ба унвони омилҳои муассир ном бурдааст.
Дар матлабе, ки торнамои расмии ин ниҳод нашр кардааст, гуфта мешавад, волидон замоне дар тарбияи фарзанд муваффақ мешаванд, ки ӯ Худоро бишносаду аз омӯзиши Қуръону намоз ва касбу ҳунар баҳравар шавад. “Баъди шиносонидани Худо ва Қуръони карим ба фарзанд илму маърифату ҳунарро омӯхтан воҷиб аст, то аз ҳама ҷиҳат болодасту комёб бошад. Дар ҳамин сурат волидайн дар тарбияи фарзанд комёб ва дар дунёву охират сарбаланд мегардад”,-омадааст дар muftiyat.tj.
Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон аз қавли доктор Абдулҳай Орифӣ (р), донишманди исломӣ иқтибос оварда, таъкид менамоянд, пеш аз ҳама бояд ба фарзандон Қуръон таълим дода шавад, чун ҷавоне, ки аз оятҳои ин китоби муқаддаси мусулмонон бохабар аст, агар ба роҳи хатое ҳам рафт, дубора бар мегардад: “Доктор Абдулҳай Орифӣ (р) мегӯяд, ҷои басо таассуф аст, ки ба таълими динии фарзандон аз духтар ва писар таваҷҷуҳ намешавад ва ин як зулми бисёр бузург аст. Ман ба шумо тавсия мекунам, ки қабл аз ҳар чиз ба духтарон ва писаронатон Қуръон ёд бидиҳед. Аз ин тариқ нури худовандӣ дар дилҳои онҳо ҷойгузин мегардад ва ин нур чунон қавӣ ва мустаҳкам аст, ки аслан зоил намешавад ва аз байн намеравад. Аҳёнан агар онон ба фисқу гуноҳ мубтало шаванд, вале билохира нури Қуръон ғолиб хоҳад шуд. Бинобар ин, ба фарзандонатон тараҳҳум кунед, нахуст ба онҳо Қуръон омӯзиш диҳед, дар оянда ҳамин нур ҳаёву ғайрат ва обрӯи вайро ҳифозат мекунад. Лизо ман дубора шуморо тавсия мекунам, ки ҳатман ба фарзандонатон Қуръон ёд диҳед, баъд аз Қуръон ҳар чизе хоҳед, ёд диҳед, аммо нахустин чиз бояд Қуръон бошад”.
Торнамо менависад, бар асоси аҳодиси паёмбари Ислом (с) волидонро зарур аст, ҳар гоҳ фарзанди онҳо 7-сола шуд, ба ӯ намозхониро омӯзанд: “Дар аҳодиси дигар ишора шудааст, ки фарзанд ба синни ҳафтсолагӣ қадам гузошт, ба волидайн лозим мешавад, ки ӯро ба намоз водор кунанд ва чун ба синни даҳсолагӣ расид, ӯро ба хондани намоз танбеҳ ва муҷозот намоянд”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон зимни суханрониҳои худ ба намозхонии кӯдакон аз 7-солагӣ борҳо таъкид кардааст. Ӯ бори охир дар хутбаи намози ҷумъаи 28 марти соли 2014 дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфта буд, “ба фарзанд аз 7-солагӣ намозхониро омӯзонеду амр ба намоз кунед. Агар нахонданд, дар 10-солагӣ танбеҳ кунед”.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома изҳор дошт, шахсе аз 40-50-солагӣ намозхониро шурӯъ кардааст, саҷдаву рукуи ӯ аз нафаре, ки дар ҷавонӣ омӯхтааст, фарқ мекунад: “Касе аз ҷавонӣ намозхонӣ ё ибодатро ба худ касб кардааст, мебинед, бисёр устувору хотирҷамъ ва дурусту дақиқ анҷом медиҳад”.