(АКС) Иштироки 15 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Русия оид ба дзюдо
Имрӯз, 12 феврал дар шаҳри Қазон мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба дзюдо миёни наврасон ва духтарони то 18-сола ифтитоҳ шуд. Дар ин сабқат, ки то 15-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард, беш аз 15 варзишгари тоҷики муқими Русия низ иштирок мекунанд.
Миёни ин варзишгарон чеҳраҳои маъруфе монанди Анешервони Назарзода, Маҳмадбек Маҳмадбеков, Абубакр Холов ва Обид Ҷебов низ ҳастанд.
Эргаш Маҳмадбеков, тоҷики муқими Русия, ки президенти Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск аст, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи мазкур аз минтақаҳои гуногуни Русия омадаанд.
Ӯ мегӯяд, имрӯз қувваозмоиҳо дар вазнҳои 40, 44, 46 ва 50 кило дар назар аст.