Тоҷикистон иштироки фаъолро дар умури Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муқаррар карда, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то доираи ҳамкориро бо кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмон васеъ гардонад.
Дар ин бора зимни мулоқоти имрӯзааш райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо райиси феълии САҲА, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалис иброз дошт. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, ҷаноби Раҳмон нахуст кишвари Литваро бо фаро расидани давраи раёсаташ дар ин Созмон табрик гуфт, зимнан Аудронюс Ажубалис изҳор дошт, ки «Тоҷикистон шарики хеле муҳими САҲА мебошад ва дар ин ҷо ҷойгир шудани калонтарин дафтари (Бюрои) созмон ва ҳам шумораи аз ҳамаи зиёди кормандони он далели ин гуфта аст”.
Гуфтанист, Тоҷикистон бо САҲА дар ҳамаи се самти авлавиятноки фаъолияти он – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ ҳамкории густарда дошта, тақвияти ҳамкориҳо дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон, бо назардошти зарурати тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вусъат додани ҳамкорӣ дар ин самт, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зарур шумурда шуд.
Атрофи роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, экологӣ, нақлиётию транзитӣ ва рафъи хатари минаҳо ба аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳам матраҳ гардиданд. Ажубалис дар пойини нишаст иброз дошт, ки “кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд барои ҳалли масоили баҳсноки худ, аз ҷумла ҳалли мушкилоте, ки аз замони Иттиҳоди Шўравӣ мерос мондаанд, аз имконоти САҲА истифода намоянд”{jathumbnail off}