АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат хостори қатъи сангпартоиҳо сӯи ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, Сатторов зимни ҷаласаи Шӯро, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро низ дар бар мегирад, таъкид намудааст, рисолати асосии ҳамватаноне, ки дар Русия ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул мешаванд, бояд пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллат, баланд бардоштани обрӯ ва имиҷи Тоҷикистон бошад: “Бояд ба зуҳуроти номатлуб дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет “сангпартоӣ” ба ҷониби ҳукумат ва давлати Ватани аҷдодӣ, Сафорат ва дигар намояндагиҳои расмии кишварамон дар Россия, байни ҳамдигар хотима дода шавад, зеро ин корро ягон миллат ва халқияти дигар дар ҷаҳон ба хеш раво намебинад.”
Ба иттилои манбаъ, зимни нишаст инчунин масъалаи “хешутаборбозӣ”-и тоҷикон дар Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст: “Қайд гардид, ки дар ташкилоти ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон, ки номнавис шудаанд, дар гирду атрофи худ чанд нафар аз хешу таборонашонро ҷамъ карда, фаъолият мебаранд. Ба ҳамин чиз бояд хотима гузошта шавад ва ин марказҳои фарҳангӣ марказҳои воқеие бошанд, ки ба боло бурдани обрӯ ва эътибори мардуми тоҷик ва имиҷи кишвари мо кумак кунанд.”
Дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, инчунин, пешниҳоди Сатторов дар мавриди таъсиси Бунёди ягонаи умумирусиягӣ дастгирӣ ёфт: “Ин бунёд дар оянда метавонад, маблағҳои ба таври хайриявӣ ҷамъ овардаашро барои иҷрои барномаҳои тарғиботӣ, барои муҳтоҷоне, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳолатҳои вазнини иҷтимоӣ гирифтор мешаванд, мадад расонад.”.
Сафорати Тоҷикистон таъкид мекунад, Шӯрои ҷамъиятӣ, ки роҳбарии онро шахсан сафир бар дӯш дорад, метавонад ба равандҳои ҳамоиш ва муттаҳидии ҳамватанон дар Русия, ки ҳадафи асосии он пеш аз ҳама боло бурдани обрӯ ва эътибори мардуми тоҷик ва имиҷи кишвари мо дар Русия мебошад, мусоидати ҳаматарафа намояд.