Ҳалокати зани тоҷик баъди таваллуд дар болои барф
Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Суғд аз афзоиши таваллуди фарзанд дар хонаҳо изҳори нигаронӣ дорад.
Индира Акмалхоҷаева, сардори Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кудаки Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, яке аз чунин ҳолатҳо ду ҳафта қабл ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа сокини 32-солаи деҳаи Гулшани ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт пас аз як рӯзи таваллуд ба ҳалокат расид. Сабаби марги ин ҷавонзанро масъулин ба хунравии аз ҳад зиёд рабт медиҳанд: “Ташхисҳои қаблӣ нишон додаанд, ки ин ҷавонзани 32-сола дараҷаи камхунии миёна дошта, ташрифи охирини ӯ ба маркази саломатӣ санаи 13 январи соли равон будааст. Шаби 28 январ, тахмин соатҳои 02:00 дард мегирад, вале бидуни муроҷиат шабро рӯз карда, ниҳоят, соатҳои тахминан 07:00-и субҳ дар рӯйи ҳавлӣ дар болои барф ин зан таваллуд мекунад. Сипас, аҳли хонадон ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона меоранд. Вале соати 23:55 дақиқаи шаб ин ҷавонзан бар асари хунравии аз ҳад зиёд дар бемористони марказии ноҳияи Ашт мефавтад".
Саломатии кудак, ки бо вазни 3 килою 700 грамм таваллуд шудааст, ҳоло муътадил арзёбӣ мешавад.
Зимнан, Индира Акмалхоҷаева аз занҳои ҳомила даъват кард, дар марказҳои саломатӣ худро ба қайд гирифта, аз муоинаи тиббии пизишкон гузаранд. Вай гуфт, таваллуд дар хона барои бонувон бештар хатар дорад, "беҳтар аст, дар таваллудхонаҳо тавлид кунанд".
Даъвати Индира Акмалхоҷаева дар ҳолест, ки соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд 910 "таваллуди хонагӣ" ба қайд гирифта шудааст. Соли 2013 ин рақам ба 1143 мерасид. Таваллуд дар хона бино ба гуфтаи хонуми Акмалхоҷаева бештар дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Ғончӣ ба қайд гирифта шуда, "сабаби афзоиши таваллуди хонагӣ дар ин манотиқ дур будани масофаи байни таваллудхонаву манзили зисти сокинон мебошад".