Барномаи нави мубориза бо сил дар Тоҷикистон оғоз ба кор кард
Сафорати Амрико ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Тоҷикистон имрӯз, 11 феврал аз оғози барномаи нави назорати сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳазинаи 13,2 миллион доллар хабар доданд.
Расми муаррифии барномаи мазкур бо ширкати сафири ИМА дар Душанбе, намояндагони ташкилотҳои байналмиллалии кумакрасон ва масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сурат пазируфт. Таъкид шуд, такмили ташхис, коҳиши мизони беморӣ, пешгирии инкишофи шакли мутобиқгаштаи сил ва дастрасӣ ба табобати бемории сил барои ҳамаи аҳолӣ аз ҳадафҳои аслии ин барномаи минтақавӣ аст: “Барномаи мазкур идомаи барномаҳои қаблии USAID монанди “TB CARE I”, “Тандурустии босифат” (QHCP) ва “Муошират оид ба ВНМО ва бемории сил” мебошад”.
Зумрад Максумова, раҳбари барномаи USAID оид ба барномаи сил дар Тоҷикистон зимни муаррифии барнома гуфт, маблағи ихтисосёфта барои табобат ва мубориза алайҳи бемории сил то соли 2019 пешбинӣ шудааст. Қурбонгул Зокирова, сармутахассиси Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба бемории сил кумакҳои башардӯстонаро хеле зарур ва саривақтӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ин кумакҳо барои табобат, пешгирӣ ва паст кардани сатҳи бемории сил дар кишвар равона мешавад.
Сюзан М. Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон аснои суханронӣ ба дастоварди бузурги USAID ва Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бар зидди сил ишора карда, гуфт, мубориза ҳанӯз ба охир нарасидааст.
Гуфта мешавад, кумакҳои грантии USAID ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 30 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 30 дарсади он ба соҳаи тандурустӣ равона шудааст.