ВИДЕО: Ҷузъиёти боздошти Маҳмудов: Таҳқиқи ҲНИТ ва гузориши TV
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 11 феврал қазияи боздошти узви Шӯрои сиёсӣ ва намояндаи ҳизб дар КМИР -- Ҷалолиддин Маҳмудовро мавриди баррасӣ қарор дода, онро як амали аз қабл тарроҳишуда арзёбӣ кардааст.
Тибқи иттилои ҲНИТ, рӯзи 9 феврал Ҷалолиддин Маҳмудов ба масъулини ҳизб хабар додааст, ки дар ҳавлии ҳамсоя -- Латиф Сардоров, ки дӯсташ мебошад, ду туфангча ва тирҳо ёфт шудааст. Сардоров дар баёноташ онҳоро моли Маҳмудов гуфтааст. Манбаъ мегӯяд, Маҳмудов бо масъулини ҳизб гуфтааст, ин силоҳҳоро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз соли 2013 кашф намуда, дар ҷараёни қазия будаанд:
"Ҳамчунин аз баёноти Ҷ. Маҳмудов маълум мегардад, ки пас аз ҳодисаи нопадид гаштани Музаффар Раҳмонов, ҳамраиси Комиссияи муштарк доир ба назорати оташбас, роҳбарияти ИНОТ ба Ҷ.Маҳмудов, ки ҳамраиси нави комиссияи мазкур аз тарафи ИНОТ таъйин шуда буд, туфангчае барои ҳифозати хеш ҷудо мекунад. Ҳуди ҳамон сол, ӯро барои ширкат дар яке аз давраҳои гуфтушуниди байни Ҳукумати ҶТ ва ИНОТ ба хориҷ даъват мекунанд ва силоҳро ба дӯсташ Латиф Сардоров месупорад. Пас аз бозгашт ба Л.Сардоров мегӯяд, созишномаи сулҳ ба имзо мерасад ва дигар амнияташ таъмин буда, зарурат ба доштани силоҳ нест. Ва аз дӯсташ хоҳиш мекунад, ки силоҳро ба мақомот бисупораду нобуд кунад.
Ҷ.Маҳмудов ҳамчунин изҳор кард, ки то соли 2013, яъне, таърихи кашф шудани силоҳ, бовар дошт, ки онро нобуд кардаанд. Агар чунин бовар намедошт, ҳатман барои супориданаш чора меандешид. Пас аз пайдо кардани силоҳ аз ҳавлии Л. Сардоров ва расидани ин хабар ба Ҷ. Маҳмудов, дӯсташ, Л. Сардоров мегӯяд, беҳтарин ҷо ҳавлии худаш аст ва силоҳ ҳатман дар зери хок пӯсида нобуд хоҳад шуд. Ҳамчунин Л. Сардоров дар он вақт иқрор карда, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш кардаанд, то вақте худи онҳо тасмим нагиранд, силоҳро аз ҷояш нагирад ва дар бораи пайдо шудани силоҳ ба касе хабар надиҳад.
Ҷ. Маҳмудов баъд аз шунидани ин хабар аз Л. Сардоров хоҳиш мекунад, ки пинҳон нигоҳ доштани қазия хуб нест, беҳтараш масъаларо зудтар ҳал намуда, ба мақомот расман маълумот диҳад. Вале Л. Сардоров мегӯяд, кормандони мақомот ваъда додаанд, ки дигар ин масъала рӯи даст гирифта намешавад ва аз дигар тараф, чандин санади авф барои размандагони ҳарду ҷониб қабул ва силоҳ ҳам пӯсидаву корношоям шудааст, бардоштани ин масъалаи куҳна зарурате надорад. Ҷ. Маҳмудов бо ҳамин далел, ки ҳанӯз соли 1996 аз ин силоҳ халос шуда ва он дигар ба ӯ таъаллуқ надорад, ба мақомот муроҷиат намекунад.
Пас аз шунидани ин гуфтаҳо, роҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, ки масъаларо ба таври ошкор бо роҳбарияти КМИР, ки Ҷ. Маҳмудов узви ин ниҳод ҳам ҳаст, дар миён бигузорад. Рӯзи 10-уми феврал дар мулоқоти раиси ҲНИТ бо раиси КМИР, ки Ҷ. Маҳмудов низ иштирок дошт, ин масъала баррасӣ ва хоҳиш шуд, ки ба ин қазия бояд баҳои дуруст ва холисонаи ҳуқуқиву сиёсӣ дод. Пас аз масъалагузорӣ бо раиси КМИР, роҳбарияти ҳизб ба Ҷ. Маҳмудов тавсия дод, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои давлатии марбута, ки даъват карданд, дар мавриди ин қазия ҳамкории содиқона намуда, қазияро ҳамон тавре ҳаст, ошкору шаффоф ба миён бигузорад. Инчунин, аз раиси КМИР хоҳиш шуда, ки қазияро дар машварат бо роҳбарияти кишвар бо масъулини ниҳодҳои марбута матраҳ намояд. Бинобар ин, вақте бегоҳии 10-уми феврал, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тавассути телефон Ҷ. Маҳмудовро барои суҳбат даъват карданд, ӯ бе ягон дудилагӣ назди онҳо рафт.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ. Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳалаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад. Ба хусус, нисбати шахсе, ки дар душвортарин рӯзҳои миллат масъулияти вазнину хатарнокро ба душ гирифта, дар расидан ба сулҳу амният саҳми беназир гузоштааст. Ӯ борҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хатти аввали набардҳо рафта, мавриди лату кӯб ва таҳқири ду тарафи разманда ҳам қарор гирифтааст. Инчунин, дар супоридани ҳазорҳо мил силоҳ, садҳо ҳазор тиру муҳимоти ҷангӣ ва ҳамоиши размандагони ИНОТ ба сафҳои неруҳои мусаллаҳи ҳукумат саҳми бевосита дошт. Аз тарафи роҳбарияти давлат ва ИНОТ барои ин заҳматҳо мавриди қадрдонӣ қарор гирифта ва гунаҳкор донистани ӯ барои нигаҳ доштани як туфангча "барои оянда" комилан зидди мантиқу воқеъиятҳост.
Ҷ. Махмудов, ки таҷрибаи бузурги назорат аз болои оташбас ва ҳалли мушкилоти низомиро дорад, хуб медонад, ки нигаҳ доштани як туфангча, он ҳам дар зери хок ба муддати беш аз 15 сол ба ягон маънӣ дуруст намеояд. Ҳол он ки худаш як шахси мулкӣ буда, туфангчаро бо дастури роҳбарияти вақти ИНОТ танҳо пас аз нобудшавии собиқ раҳбараш дар Комиссияи назорат бар оташбас, ба як муддати ниҳоят кӯтоҳ ҳамроҳ дошта, дар пайдо шудани аввалин нишонаҳои сулҳу амният онро канор гузоштааст. Дар ҳоле ки ин маълумотҳо дар бораи силоҳ назди мақомот вуҷуд доштанд, чанд моҳ пеш ҳангоми пешниҳоди номзадии Ҷ. Маҳмудов аз тарафи Президенти ҶТ ба КМИР ягон мулоҳизаи дигаре ба вуҷуд наомад. Суоле пеш меояд, ки чаро қазияи мазкурро дар соли 2013 баррасӣ накарданд ва маҳз дар ин шабу рӯзҳо, дар авҷи маъракаи интихоботӣ парванда боз мекунанд?
Бешак, рӯ задани ин парванда дар рӯзҳои маъракаи интихоботӣ ба тезу тунд кардани муносибатҳои мақомоти ҳукуматӣ бо нерӯҳои сиёсии кишвар, бахусус ҲНИТ ва берун кардани раванди муътадили интихоботӣ аз маҷрои табиияш равона шудааст. Бо дарназардошти ин Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳамаи номзадҳо, аъзо ва фаъолон, инчунин ҳаводорони ҳизб дар ин маъракаи интихоботӣ хоҳиш мекунад, бидуни эҳсосоту дудилагӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, бо ин амалашон раванди табиии интихоботро ҳифз намоянд.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомоти зидахли қазия тақозо менамояд, ки масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар Ҷ. Маҳмудовро аз боздошт раҳо намоянд. Инчунин умед аст, ки Президенти кишвар бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва нақши шахсии Ҷ. Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ, қазияи мазкурро зери назорат мегиранд",-омадааст дар баёнияи ҲНИТ.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 10 феврал бо нашри як изҳорот аз ошкор ва мусодираи силоҳи оташфишон хабар дода гуфт, он ба Ҷамолиддин Маҳмудов, узви фаъоли ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таалуқ дорад.
Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, 9 феврали соли равон зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони КДАМ дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд: “Мутобиқи нишондоди Сардоров Латиф маълум гардид, ки силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, аъзои Раёсати олии Хизби нахзати исломии Точикистон, мушовири сиёсии Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ доранд”.
Манбаъ мегӯяд, тибқи нишондоди Сардоров, Ҷамолиддин Маҳмудов ин лавозимоти ҷангиро “ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд. Иловатан соли 2012 Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович ба Сардоров Латиф таъкид кардааст, ки лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт”.
Дар изҳороти КДАМ гуфта мешавад, ҳоло Ҷамолиддин Маҳмудов боздошт шуда, нисбати далели мазкур дар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон низ аз боздошти Маҳмудов ба такрор гузориш медиҳад. Гузоришро аз ин видео бубинед.