Боздошти афсари Вазорати мудофиа бо иттиҳоми қаллобӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти як мансабдори Вазорати дифои кишвар хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, Суҳроб Мирзоев, муовини командири рота оид ба таъминоти ҷангии ротаи таъминоти ҷангӣ ва моддаҳои техникии қисми ҳарбии №13483-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати дифоъ дар ноҳияи Восеъ бо истифода аз мақоми хизматияш дар чанд ҳолат ба ҷинояти каллобӣ даст задаст.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда аз падари Хушназари Вориспур, як сарбози қисми ҳарбии №13483-и Восеъ талаб мекунад, ки бар ивази 450 доллари амрикоӣ писарашро ба яке аз қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди вилояти Суғд қарордошта интиқол медиҳад. Вориспур 10 августи соли 2013 аз тарафи комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд барои адои хизмат ба қисми ҳарбии №13483 сафарбар гардидааст.
Бино ба иттилои сарчашмаи хабар, падари сарбоз -- Эшонов В.М., санаи 3 августи соли 2014 ба воситаи “Тоҷиксодиротбонк”-и Восеъ як қисми маблағро ба миқдори 2045 сомонӣ бо номи Суҳроб Мирзоев интиқол медиҳад ва Мирзоев аз бонк дар асоси расиди бонкӣ таҳти №2 ин маблағро мегирад: “Ғайр аз ин дастгиршуда кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 28 октябри соли 2014 ба манзили истиқоматии шаҳрванд Эшонов В.Х. омада, боқимонда маблағро ба миқдори 300 сомонӣ мегирад. Суҳроб Мирзоев бо ин тарз ва усул Эшонов В.М-ро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба миқдори 2345 сомонӣ тасарруф намуда, ба номбурда бо ин амалҳои ғайриқонуниаш зарари ҷиддӣ расонид”.
Оҷонсӣ мегӯяд, зимни санҷиш Суҳроб Мирзоев ба кирдори содирнамудааш ба пуррагӣ иқрор гашта, зарари расонидаашро барқарор намудааст.