Қатъи ваколати Суҳроб Шарипов дар парлумон
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 11 феврал бо қабули як қарор ваколати вакили мардумӣ, Сӯҳроб Шариповро бо сабаби вафот пеш аз муҳлат қатъ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон инчунин бо Қарори дигари палатаи поёнии парлумони мамлакат Шарипов аз ҳайати Кумисияи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон бароварда шуд.
Суҳроб Шарипов, раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ рабт дода мешавад. То кунун дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуда буд.