Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)
Эрониёни муқими Тоҷикистон аз 36-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар шаҳри Душанбе таҷлил карданд. Ин маросим шоми 10 ба 11 феврал дар чойхонаи “Роҳат”-и Душанбе баргузор шуда, дар он Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ иштирок дошт.
Инқилоби исломии Эрон ҳамасола дар давоми ҳафтаи аввали моҳи феврал ҷашн гирифта мешавад. 36 соли пеш дар пайи як инқилоб дар феврали соли 1979 дар Эрон тахти шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ сарнагун шуда, заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ ба роҳбарии Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ фароҳам гардид.
Дар ин инқилоб табақаҳои гуногуни сокинони Эрон, аз ҷумла мухолифони ҳукумати паҳлавию донишҷӯён ва руҳониёни шиамазҳаб иштирок доштанд ва азбаски нақши шахсиятҳои мазҳабӣ дар инқилоби зидди низоми подшоҳии вақт калидӣ буд, он аз сӯи Хумайнӣ Инқилоби исломӣ номгузорӣ шуд ва ин ҳодиса бо номи Инқилоби баҳман-57 низ ном мебаранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 11 феврал бо ирсоли як нома ҳамтои эронии худ -- Ҳасани Рӯҳонӣ ва мардуми давлати исломиро ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ шодбош гуфт. Дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҷаноби Олӣ, фаро расидани иди миллии кишвар - солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро бо камоли хушнудӣ ва масаррат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯст ва бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику муборакбод мегӯям. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша мавқеи муҳимму вижаро ишғол менамоянд. Мо таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди хешро бо Эрон, ки ба заминаи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ва суботу амнияти минтақа медонем ва ба дурнамои он бо назари нек менигарем”.
Дар идома таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша хоҳони боло рафтани сатҳи муносибатҳои дуҷонибааш бо Эрон дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ буда, мӯътақид аст, кишварҳои мо бо талоши муштарак ба қуллаи мақсуд хоҳанд расид: “Мо азми қавӣ дорем, ки ҳамшарикии судманди Тоҷикистону Эронро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаро боз ҳам тавсеа ва густариши тоза бахшем”.
Эрон дар қатори аввалинҳо истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 ба расмият шинохта, моҳи январи соли 1992 аввалин шуда, сафорати худ дар шаҳри Душанберо боз кард ва моҳи июли соли 1995 сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ифтитоҳ гардид. Миёни Душанбеву Теҳрон беш аз 100 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян месозанд. Эрон дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои сармоягузор дар тарҳҳои бузурги Тоҷикистон мебошад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ва нақби "Истиқлол" аз ҷумлаи тарҳҳои бузурге мебошанд, ки бо сармояи ин кишвар бунёд шудаанд. Ҳоло зиёда аз 200 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд.