ВИДЕО: Сипоси падари "раис"-и салафиҳо ба пулис ва муноқишаҳо дар масоҷид
Мақомоти пулис дар вилояти Суғд бо нашри як гузориши видеоӣ ҷузъиёти боздошти 11 нафарро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни "Салафия" шарҳ дода, изҳор доштаанд, боздоштшудаҳо боиси сар задани муноқиша дар масоҷиди шимоли кишвар шудаанд.
Бино ба иттилои Акбар Шарифов, масъули дафтари матуботии РКД дар вилояти Суғд, раҳбари ин гуруҳ Шуҳрат Қузибоев, таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ мебошад, ки пас аз бозгашт ба Тоҷикистон шогирдони худро дар руҳияи таълимоти ин ҷараён дарс медодааст.
Ғуфрон Зарипов, падари Шуҳрат Қузибоев дар гузориш мегӯяд, ақидаи фарзандаш баъди таҳсил дар Маккаю Мадинаи Арабистони Саудӣ тағйир ёфта, насиҳатҳояш ба ӯ натиҷае надоданд: “Насиҳат кардам, риш намон шими кӯтоҳ напӯш, аммо фоидае надод. Раҳмат ба корманди пулис, ки инро вақташба боздошт карданд. Агар боздошт намекарданд, ояндаи инҳо террористӣ буд.”
Ба гуфтаи Акбар Шарифов, шогирдони Шуҳрат Қузибоев сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоят буда, мақомот пас аз хабардор шудан аз гирифтани таълимоти динии ин гуруҳ онҳоро дастгир кардаанд: "Инчунин, дар рафти боздошт адабиёти динӣ, аз ҷумла, китобҳои ҷараёни "Салафия" аз онҳо мусодира шуд, ки ба ин ҷараён тааллуқ доранд.
Ин гуруҳи 11-нафара, ки гуфта мешавад, бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни "Салафия" ва таблиғи ғояҳои он муттаҳам мешаванд, дар як ҳолати пайванди занҷиравӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохила боздошт шудаанд. Манбаъ афзуд, феълан алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
ВИДЕОИ боздошти аъзои Салафия дар Суғд: