Собиқ вазир ҳаҷми дақиқи нафақаи Ҳукумовро эълон кард
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия ва раиси феълаии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 11-уми феврал зимни баромад дар назди намояндагони мардумӣ дар парлумон ҳаҷми дақиқи нафақаи маъюбии Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, собиқ раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро эълон кард.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов феълан дар кишвар 13 нафар нафақаи маъюбии зиёд мегиранд. Ӯ аз ҷумла иттилои матбуотро дар мавриди 18 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбии Амонуллои Ҳукуматуллоҳ рад карда, гуфт, собиқ раиси “Роҳи оҳан” 8400 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ба гуфтаи Наҷмиддинов ин нафақа барои Амонуллои Ҳукуматулло соли 2011-ум, се сол пеш аз барканорияш, таъин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, афроди алоҳида дар кишвар тариқи сохтакорӣ нафақаҳои маъюбии калонҳаҷмро мегиранд. Раиси Оҷонсии зидди фасод, аз ҷумла Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон"-ро ном бурд, ки моҳе 17 ҳазор ва дар чор сол 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст: “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматулло ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст.”
Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид кард, нафақае, ки ин афрод мегирифтаанд, корӣ набуда, нафақаҳои маъюбиянд, ки бо роҳи сохтакорӣ ба даст овардаанд. Ӯ илова кард, ки соли гузашта 37 ҳазору 548 нафақагири маъюбро аз ташхс гузаронда, муайян кардаанд, ки аз ин миён 7 ҳазору 46 нафарашон комилан солиманд: “Гуруҳи маъюбии 3781 нафарашон тағйир дода шудааст, аз гуруҳи як ба ду ва аз гуруҳи ду ба се гузаронда шуданд. Инчунин ҳастанд, ҳолатҳое, ки ду ё се сол нафақаи одамони мурда низ партохта шудааст. Қатии ҳамон корманди бонк вай мекунаду нафақаро ба корт гузарондан мегиранд.”
Раиси Оҷонсӣ гуфт, буҷаи давлат аз ин сохтакориҳо беш 14 миллион сомонӣ зарар дидааст ва илова кард, ки санҷишҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт: “Дар ин миён мардум метавонанд норозигӣ кунанд, ки ана нафақаи моро манъ карданд, як ё ду моҳ боз нагирифтем. Ин дар ҳақиқат мешавад ва то санҷиш анҷом меёбад, ки мумкин то се моҳ ҳам гузарад. Хоҳиш мекунам, инро ба мардум дуруст фаҳмонед.”
Раиси Оҷонсӣ дар ин қазия комиссияҳои тиббӣ ва кормандони Фонди нафақаро айбдор гуфт, ки ин нафақаҳоро таъин кардаанд: “Баъди анҷоми тафтишот аввал онҳое, ки гуруҳи маъюбиро доданд ва дуюм он кормандони Фонди нафақа, ки маблағро таъин кардаанд, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.”