(АКСУ ВИДЕО) Оташсӯзӣ дар Душанбе. 16 манзил хароб шудааст
Дар пайи сӯхтори шаби 10 феврали соли равон дар кӯчаи “Гисарский”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 16 манзили истиқоматӣ зарар дидааст.
Ин оташсӯзӣ тақрибан соатҳои 12-и шаб дар бинои 9 ошёнаи маҳаллаи мазкур (бинои 77/2 ) сар зада, ба гуфтаи шоҳидон 5 соат идома доштааст. Чанд тан аз шоҳидони ҳодиса имрӯз, 11 феврал дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, сӯхтор аз қабати 6-уми бино сар зада, то ошёнаи 9 хонаҳоро қисман ва пурра хароб кардааст: “Хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт”.
Сабаби аслии оташсӯзӣ рӯшан нашудааст. Як хонум, ки аз зарардидагони сӯхтор ба шумор меравад, гуфт, кормандони Идораи оташнишонӣ хеле зуд расиданд, аммо то соатҳои 4-и субҳ барои комилан хомуш кардани оташ муваффақ нашуданд: “Шамол буд, оташро хомуш кардан душвор шуд. Аз поён об мепошиданд, лекин оташ ба зудӣ хомуш намешуд. Хонаи чанд ҳамсоя пурра зарар дид, аз ман қисман, лекин ҳама пури об шуд, шукр, ки ягон нафар миёни оташ намонду талафоти ҷонӣ нашуд”.
Як ҷавон гуфт, манзилашон тақрибан пурра ба коми оташ рафтааст ва ҳоло бо кӯмаки ҳамсояҳо амволи хокистаршудаашро берун бурда истодаанд: “Худатон бубинед, қариб ҳама чиз сӯхтааст, ман худам ин ҷо зиндагӣ намекардам, ба иҷора дода будам, лекин ҷиҳози хона несту нобуд шуд ва бе таъмири дубора дар ин ҷо зиндагӣ кардан номумкин аст”.