Тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва насиҳатҳои Президент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 11-уми феврал беш аз 130 кадрb навтаъинро дар мақомоти судии кишвар барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар оғози мулоқот фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судя ва роҳбарияти судҳои вилоятҳо ва як зумра шаҳру ноҳияҳои кишвар қироат карда шуд: “Аз 132 нафари таъиншуда 49 нафарашон бори аввал ба мансаби судя таъин гардиданд, ки 6 нафари онҳо занон мебошанд.”
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ғамхориҳои роҳбарияти кишвар ба мақомоти судӣ ва кормандони ин соҳа, аз ҷумла беҳсозии шароити корӣ, афзун намудани ҳуқуқу ваколатҳо ва маоши онҳо ёдовар шуда, дар наздашон доир ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ҳифзи холисонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Раисиҷумҳур зикр кардааст, ки пас аз татбиқи босамари ду барномаи давлатӣ барои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар оғози соли равон боз барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки мақсади он таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат ба роҳ надодани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни худи кормандони соҳа, аз ҷумла ба амалҳои коррупсионӣ даст задани онҳо, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд: “Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти судӣ фаъолияти ҳаррӯзаро ба хотири боз ҳам беҳтар ба амал баровардани адолати судӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, таҳкими обрӯи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбии худ бояд равона созанд.”