Номаи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Руҳонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқия ҳамтои эронии худ -- Ҳасани Рӯҳонӣ ва мардуми давлати исломиро ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ шодбош гуфтааст.
Дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҷаноби Олӣ, фаро расидани иди миллии кишвар – солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро бо камоли хушнудӣ ва масаррат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯст ва бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику муборакбод мегӯям. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша мавқеи муҳимму вижаро ишғол менамоянд. Мо таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди хешро бо Эрон, ки ба заминаи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ва суботу амнияти минтақа медонем ва ба дурнамои он бо назари нек менигарем”.
Дар идома гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳамеша хоҳони боло рафтани сатҳи муносибатҳои дуҷонибааш бо Эрон дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ буда, мӯътақид аст, кишварҳои мо бо талоши муштарак ба қуллаи мақсуд хоҳанд расид: “Мо азми қавӣ дорем, ки ҳамшарикии судманди Тоҷикистону Эронро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаро боз ҳам тавсеа ва густариши тоза бахшем”.