Мусодираи ҳудуди 10 кило ҳероин аз як сокини 26-солаи Суғд
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз мусодираи наздик ба 10 кило маводи нашъадор аз як ҷавони 26-сола хабар дод.
Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуоти РУД ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 10 феврал кормандони пулис ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави вилоят як сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт кардаанд: “Ҳангоми азназагузаронии нақлиёти “Opel-Astra”-и ӯ 10 адад бастаҳои скочпеч ёфт ва мусодира шуд. Мувофиқи маълумотномаи Шӯъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсат, маводи мавзкур навъи “ҳероин” буда, вазни он 9 килою 722 гарммро ташкил медиҳад”.
Манбаъ мегӯяд, дар робита ба ин далел бо моддаи 200, қ. 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.