ҲНИТ боздошти Ҷамолиддин Маҳмудовро таъйид кард
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии ин ҳизб ва намояндаи он дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро тасдиқ кард. Як манбаъ аз ҲНИТ ба "Озодагон" гуфт, хабари боздошти Маҳмудов воқеият дорад. Ӯ мегӯяд, узви Раёсати олии ҲНИТ дар ҳоле боздошт шудааст, ки рӯзи гузашта, 10 феврал ба Кумитаи амният даъват шуд.
Қаблан, Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ошкор ва мусодираи силоҳи оташфишон хабар дода гуфт, он ба Ҷамолиддин Маҳмудов, узви фаъоли ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таалуқ дорад.
Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, 9 феврали соли равон зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони КДАМ дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд: “Мутобиқи нишондоди Сардоров Латиф маълум гардид, ки силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, аъзои Раёсати олии Хизби нахзати исломии Точикистон, мушовири сиёсии Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ доранд”.
Манбаъ мегӯяд, тибқи нишондоди Сардоров, Ҷамолиддин Маҳмудов ин лавозимоти ҷангиро “ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд. Иловатан соли 2012 Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович ба Сардоров Латиф таъкид кардааст, ки лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт”.
Дар изҳороти КДАМ гуфта мешавад, ҳоло Ҷамолиддин Маҳмудов боздошт шуда, нисбати далели мазкур дар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.