Боздошти мудири Боғчаи бачагона бо иттиҳоми гирифтани пора
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, алайҳи мудири Боғчаи бачагонаи №6-и шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Торнамои агентӣ менависад, Маҳбуба Умарзода аз як сокини маркази вилояти Суғд барои ба боғча қабул кардани набераҳояш 2000 сомонӣ талаб кардааст. Боздошти Умарзода ҳам дар пайи муроҷиати ин нафар, ки оҷонсӣ аз ӯ Тоштухтаева Т.А., ном бурдааст, сурат гирифта. Тоштухтаева дар муроҷиати худ ба агентӣ гуфтааст, “мудири боғча тавассути сармурабияи муассисаи таълимии Боғчаи бачагонаи №6 Муҳидинова Марҳамат Расуловна, барои ба боғчаи мазкур қабул намудани наберагонаш Тоштухтаева М. ва Ҷумаева А, барои як нафар маблағи 1000 сомонӣ, ҷамъ 2000 сомониро ба сифати пора талаб намуда истодааст”.
Манбаъ мегӯяд, 9 феврали соли равон зимни анҷоми ҳаракати фаврӣ- тафтишотӣ, маҳбуба Умарзода баъди бо воситаи миёнарав Марҳамат Муҳидинова гирифтани 2000 сомонӣ ба сифати пора дастгир шуд: “Нисбати Умарзода Маҳбуба, бо моддаи 319 қисми 1 ва нисбати Муҳидинова Марҳамат Расуловна бо моддаҳои 36 қисми 4, 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.