Хушбахт Қурбонмамадов (дар вазни 60 кило), Ҷасур Шамиров (66 кг), Расул Боқиев, Ҳотамшоҳи Абдуғанӣ (73 кг), Шерзод Шайхов, Самад Мирулоев, Фарҳод Раҳимов (81 кг), Нематулло Арслонқулов, Фурқат Назриев, Парвиз Собиров (90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (100 кг) ва Абубакр Раҳмонов дар вазни аз 100 кило боло дар ин мусобиқот иштирок мекунанд.
Манбаъ гуфт, тибки рӯйхати тасдиқшуда пас аз чанд лаҳза ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Расул Боқиев нахустин рақобаташро бо варзишгари Ӯзбакистон Сӯҳроб Дустов баргузор мекунад.
Дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон оид ба дзюдо ширкати 250 варзишгар аз тамоми ҷаҳон дар назар аст.{jathumbnail off}