Мусодираи беш аз 54 кило маводи мухаддир дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар пойтахти кишвар аз ду шаҳрванди ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи нашъадор мусодира кардаанд.
Ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, ҳангоми кофтукови шахсӣ ва азназаргузаронии таҳхонаи манзили Манучеҳр Фироғатов сокини 32-солаи ноҳияи Рӯшон ва Ифтихор Таввалоев бошандаи 44-солаи шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 54 килою 40 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш” ёфт ва мусодира гардидааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.