ДИИШ мӯйсафедеро барои ҷодугарӣ сар бурид
Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ як муйсафедро дар Сурия бо иттиҳоми ҷодугарӣ боздошт ва сарашро аз тан ҷудо кардааст.
Ба иттилои расонаҳои арабӣ, ин ҳодиса рӯзи 9 феврал дар даромадгоҳи шаҳри Раққаҳи Сурия, ки таҳти идораи ин созмони террористӣ қарор дорад, рух додааст.
Манобеи хабарӣ мегӯяд, ин муйсафед бо чашмону дастони баста тавассути ду ҷангҷӯ ба мазҳари омм оварда шуд ва баъд аз эълон шудани айбномаву ҳукми эъдом, сараш аз тан ҷудо гардид.
Ин бори аввал нест, ки ҷангҷӯёни ДИИШ дар шаҳри Раққаҳ бо ҳукми Абубакр Бағдодӣ, раҳбари ин гуруҳи террористӣ сокинонро маҳкум ба эъдом мекунанд. Ахиран ДИИШ беш аз 100 ҷангҷӯи худро ба хотири гурез аз сафи ҷанг қатл кард ва ҳафтаи пеш як халабони урдуниро зинда ба оташ кашид.