ВИДЕО: Тарабхонае, ки “чархбол”-ҳо дар хидмати мизоҷонанд
Эдвард Чиа, соҳиби тарабхонае дар Сингапур меҳмоннавозии наверо ба роҳ андохтааст. Дар ин тарабхона чархболҳо ҷойи пешхидматҳоро танг кардаанд.
Ғизои супоришӣ савори чархбол-пешхидмат мешавад ва рӯйи мизе назди мизоҷ фуруд меояд. Пешхидмат танҳо коре ки мекунад, ғизоро болои мизи меҳмон мегузорад.
Соҳиби ин тарабхона ба расонаҳо гуфтааст, истифода аз чархбол-пешхидмат ба сарфаи вақт мусоидат намуда, аз рафтуомади зиёди пешхидматҳо барои тавзеъ кардани ғизо ва ҷамъ овардани зарфҳои холӣ ҷилавгирӣ мекунад. Ба гуфтаи Эдвард фоидаи дигари ин “пешхидмат”-ҳо дар он аст, ки мунтазири омода шудани кулли ғизои супоришӣ намемонанд, балки чанд маротиба ба ҷойи зарурӣ парвоз мекунанд.