Ҳалокати 4 нафар дар садама бо иштироки ронандаи ноболиғ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як садама бо иштироки ронандаи ноболиғ дар ҷануби кишвар 4 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои манбаъ, субҳи 7 феврал ронандаи ноболиғ аз шаҳри Қӯрғонтеппа, бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари фармони мошини “Шаанчи-Долун” нишаста, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ ба самти ноҳияи Қумсангир дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рӯмӣ ба самти муқобили ҳаракат баромада ба автомашина тамғаи “Опел-Вектра” бархӯрдааст: “Дар натиҷа ронандаи “Опел” -- Абдулвоҳид Ҳамроев, сокини 56-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва мусофиронаш -- Муриватшо Наврӯзов, сокини 50-солаи Рӯдакӣ, Таборакшо Наврӯзови 56-сола ва Ҳусейн Урозалиеви 30-сола, сокинони ноҳияи Қумсангир ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд."