Эшони Маҳмудҷон: Пайравони Салафия дар пайи иғво ва фиреби мардуманд
Эшони Маҳмудҷон, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо дар як матлаб ба баҳси бемазҳабии пайравони равияи “Салафия”, ҷараёни фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон дахл карда, аз он гуруҳи иғвоангезу фиребдиҳандаи мардум ном бурдааст.
Дар ин матлаб, ки дар сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - Turajon.org нашр гардид, руҳони тоҷик талош кардааст, то зарурати пайравӣ кардан аз мазҳаб ва дурӣ ҷустан аз бемазҳабиро шарҳ диҳад. Тураҷонзода гуфтааст, “тақрибан чаҳордаҳ қарн аст, ки ҷумҳури уммати Ислом - аам аз хавоссу авомаш - аҳли тақлид ва пайрави мазоҳиби чаҳоргона буданд ва ҳастанд. Оре, тақлид ба мазоҳиби чаҳоргона аз асри аиммаи арбаъа, ки асри табаъа тобиъин аст ва Паёмбари Худо (с) онро хайрул-қурун - яке аз беҳтарин асрҳои тиллоии таърихи Ислом номидаанд, шурӯъ мешавад ва то имрӯз идома дорад. Ва имрӯз ҳам зиёда аз 90 дарсади аҳли суннат ва ҷамоъат муқаллид ва пайравӣ мазҳаби яке аз аиммаи арбаъа ҳастанд. Шояд 10 дарсади эшон бе мазҳаб ва ғайри муқаллид бошанд. Бидъати бемазҳабӣ таърихи тулонӣ надорад, балки он падидаи асри 20 аст”.
Руҳонии тоҷик дар идома бо овардани номи баъзе аз донишмандони улуми тафсиру ҳадис ва фиқҳ, аз ҷумла муҳаддис, шайх Фахриддин - шореҳи саҳиҳи Бухорӣ ва Шайх Нурул-ҳаққ соҳиби “Тайсирул-қорӣ”, шарҳи саҳеҳи Бухорӣ афзудааст, ин ашхос бо вуҷуди муаллифи китобҳои зиёд дар риштаи тафсири сураҳои Қуръону аҳодиси паёмбар ва фиқҳ будан, аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ мекарданд: “Ҷумҳури аимма ва асотиди илми ҳадис - онҳое, ки аҳодиси набавӣ ва илми ҳадисро барои мо ҷамъоварӣ ва тахриҷу тадвин кардаанд ва имрӯз мо бо шайхул - исломҳоямон резахорони дастархони эшон ҳастем - ҳама муқаллиди мазҳабе аз мазоҳиби арбаъа буданд ва ҳеҷ нафаре аз эшон - мисли салафиҳои замони мо бо кибру ғуруре, ки аз илми ноқис барояшон пайдо шудааст, худро имоми Аъзам ва ё имоми Шофиъии сонӣ намехонданд ва бемазҳабу ғайри муқаллид набуданд. Балки эшон бо он дониш ва нубуғе, ки дар илми Қуръону ҳадис доштанд, тақлид ба мазҳаби имоме аз аимма арбаъаро барои худ ифтихор медонистанд”.
Эшони Маҳмудҷон мегӯяд, тарғиб ба бемазҳабӣ дар ҳолест, ки Муҳаммад (с), паёмбари Ислом дар яке аз ҳадисҳои худ, ки аз сӯи Ибни Моҷа (р) ривоят мешавад, мусалмононро ба пайравӣ аз роҳу равиши ҷумҳур ва аксарияти уммати Ислом амр кардааст: “Аз роҳу равиши ҷумҳур ё аксарияти уммати Ислом пайравӣ намоед!” ва ҷои дигар низ афзудаанд, “ҳамоно шайтон гурги инсон аст, монанди гурги гусфандон. Ҳамонгуна, ки гург гусфанди дур аз гала ва ҷудошударо шикор мекунад, шайтон низ дунболи чунин афроде ҳаст. Пас шумо (ай мусулмонон!) бо ҷамоат ва оммаи уммат ҳамроҳ бошед!”
Ӯ бо овардани иқтибос аз суханони Аллома Абдурраҳими Лоҷпурӣ, донишманд ва муаллифи китоби “Тақлиди шаръӣ ва ҷойгоҳи он дар Ислом” таъкид кардааст, ки тарки мазҳаб кардан маънои гумроҳиро дошта, пайравони Салафия бо пахши иддаои бардурӯғ дар пайи иғво ва фиреби мардуманд: “Гуруҳи ғайри муқаллидин (салафиҳо), ки ба дурӯғ даъвои вобастагӣ ба мазҳаби аҳли ҳадис мекунанд, пайваста талошҳои густарда ва гуногунеро дар ҷиҳати таъйиди мазҳаби хоссашон ба харҷ медиҳанд. Эшон муддаӣ ҳастанд, ки муҳаддисин, аз қабили Бухорӣ, Муслим, Абудовуд ва уламои бузург ба монанди Ибни Таймия, Ибни Қайим, Нававӣ пайрави эшон буда, аз имомҳои чаҳоргона, аз ҷумла Имоми Аъзам ва мазоҳиби эшон пайравӣ намекарданд. Ин гуруҳ бо илқо ва пахши чунин даъвое дар пайи иғво ва фиреби тудаи мардум ҳастанд”.