Ноболиғи ҳафтсола қурбони садамаи нақлиётӣ шуд
Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе ноболиғи 7 сола ба ҳалокат расид.
Дар ин бора аз раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Бино ба хабари манбаъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес бенс» Гулназар Юсупови 44 сола аснои ҳаракат аз самти кӯчаи Абай ба ҷониби кӯчаи Саъдии Шерозӣ рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии 13-ум бехатарии ҳаракати роҳро риоя накрда, пиёдагард Муҳамади Саидмаҳмудро зер мекунад. Дар натҷа ноболиғи 7-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат мерасад. Оид ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}