Зани қазоқ шавҳари тоҷикашро дар фарзанддуздӣ айбдор мекунад (АКС)
Наталя Платнева, шаҳрванди Қазоқистон ба мақомоти пулиси ин кишвар даъво бурдааст, ки шавҳари тоҷикаш -- Бахтиёр Исмоилов фарзанди хурдсолашон -- Амирро дуздида, ба Душанбе бурдааст.
Платнева мегӯяд, Бахтиёр Исмоилов дар муошират бо фарзандашон маҳдудияте надошт, аммо 2 феврали соли равон ӯро барои сайругашт бурда, дигар барнагардондааст. Ин зан иддао дорад, бо вуҷуди муроҷиат мақомоти пулис ба ин қазия машғул нестанд ва шавҳараш дар ҳоле фарзандашонро аз кишвар берун бурдааст, ки шаҳодатномаи таваллуд дар дасти ӯст. Мақомоти қазоқ муайян кардаанд, ки Бахтиёр Исмоилов ҳанӯз моҳи октябри соли 2014 дар мавриди гум шудани шаҳодатномаи таваллуди фарзандаш муроҷиат карда, нусхаи дигар дарёфт кардааст.
Наталя Платнева мегӯяд, Бахтиёр Исмоилов барои суҳбат бо Амир монеа эҷод намекунад, вале ӯро бозпас оварданӣ нест.
Дар ҳамин ҳол Тоир Нозхонов, ҳуқуқшиноси маъруфи қазоқ дар шарҳи ин қазия гуфтааст, тибқи қонунгузорӣ дар ин ҷо ҷинояте нест, чун падару модар барои тарбияи фарзанд ҳуқуқи яксон доранд. Ҳуқуқшиноси қазоқ мегӯянд, Наталя танҳо дар сурати бурдани даъво ба додгоҳи Тоҷикистон бо қарори додрас метавонад мушкили худро ҳал кунад, зеро тибқи қонунгузории Қазоқистон яке аз волидон метавонад бо фарзандаш, бе иҷозати волиди дуюм сафар намояд.