Дар Суғд беш аз 9000 арақи “Пшеничная” аз муомилот гирифта шуд
Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд мегӯяд, дар пайи як санҷиши муштарак бо кормандони додситонии вилоят як миқдор нақеъ ва арақ аз муомилот бароварда шуд.
Маҳкамбой Каримов - масъули дафтари матбуотии Маркази Тоҷикстандарт ба “Озодагон” гуфт, аз анбори ҶДММ “Шоҳин”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба миқдори 1834 адад нақеъ (настойка)-и “Лаклаки сафед”, ки дар зарфҳои ПЭТ (полиэтилентерефталат)-и ғунҷоишаш 0,2 литр рехташуда ва ба миқдори 9 ҳазору 450 адад арақи “Пшеничная” дар зарфҳои пластикии ғунҷоишаш 0,1 литр ошкор карда шуд. “Аз маҳсулоти ошкоргардида мутахассисон бо иштироки роҳбари ҶДММ “Шоҳин” - Назирҷон Набиев намунаҳо сарчин карда, барои гузаронидани санҷиши бехатарӣ ва сифати он ба Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрока ва хоҷагии қишлоқи Маркази Тоҷикстандарт супоридаанд. Аз рӯи маълумоти сардори озмоишгоҳи мазкур -- Равшан Бақоев натиҷаи ташхиси нақеъ ва арақ нишон дод, ки машруботҳои спиртии номбурда аз рўи номаълум будани санаи резиш, номутобиқ будани борпеч, мавҷудияти ғашҳои бегона ва номаълум будани истеҳсолкунанда ба талаботи Стандарти байни давлатӣ (СБД) 7190-92 мутобиқ намебошад”,-афзуд ӯ.
Ба қавли манбаъ, машруботҳои ғайристандартии ошкогардида баъди баррасии маводҳо аз нав коркард ва ба талаботи стандартҳои байнидавлатӣ мутобиқ шуда, баъдан аз ташхиси навбатӣ гузаронида ва бо гирифтани хулосаи мақомоти ваколатдор ба фурӯш иҷозат дода мешавад.