АКС: Тавсифи СММ аз азми Э. Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни як мулоқот бо Александр Зуев, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид (СММ), ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ин созмон дар кишвар ба ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ва СММ дар самти дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баҳои мусбат додааст.
Ҷаноби Раҳмон гуфтааст, "дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо Стратегияи миллии рушди кишвар қабул гардида, ба хотири таъмини рушди устувор ва боло бурдани некуаҳволии мардум дар амал бомуваффақият татбиқ мешавад”.
Тавре дафтари матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад, ин дидор 9 феврал дар шаҳри Душанбе сурат гирифт ва аснои он зикр шуд, дар чаҳорчӯбаи ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони милали муттаҳид дар солҳои 2010-2014 наздики 100 лоиҳа ба маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ғайра, ба иҷро расид: “Зимни суҳбати созанда таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳияи Барномаи қолабии Созмони милал оид ба Мададрасонӣ бо Ҳадафҳои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) барои солҳои 2016-2020, ки 12 самти ояндадори ҳамкории муштаракро дар назар дорад, зоҳир шуд”.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот таъкид гардид, барномаи номбурда бояд бо Стратегияи нави рушди Тоҷикистон, ки ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро мутаносибан барои то соли 2020 ва то соли 2030 пешбинӣ менамояд, ҳамоҳанг бошад. Ҳадафу вазифаҳо барои оянда бояд дуруст муайян шуда, барои иҷрои онҳо маҷмӯи тадбирҳо андешида шаванд.
“Дар мулоқот ҳамчунин намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ Николас Оберлин, намояндаи Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ Виорел Гутсу, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Лучиа Элми ва намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ Павел Урсу иштирок ва изҳори андеша карданд. Зимни андешарониҳо намояндагони СММ дар Тоҷикистон ба ташаббусу ибтикороти созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар бахшҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ баҳои баланд дода, омодагии худ ва СММ-ро барои татбиқи босамари онҳо таъкид доштанд”,-хабар медихад дафтари матбуотии президент.