Луқмон БОЙМАТОВ, муаррих
Бархе чунон саргарми мероси илмии гузаштагононанд, ки фурсати муроҷиъа ба ақли худро надоранд ва агар фурсате ҳам ба даст оваранд, ҳозир нестанд, иштибоҳот ва лағзишҳои ононро ислоҳу ҷуброн кунанд.
Абӯ Алӣ ибни Сино
Муаррих ва файласуфи маъруфи садаи гузашта Вилям Вилл Дуронт гуфта буд, бахши умдаи таърих ҳадс аст ва бақийя таъассуб. Бо камоли таассуф, ҳақиқати ин суханони пурҳикмат дар мисоли таърихсозиву таблиғоти мо тоҷикон сидқ мекунад. Пӯшида нест, ахиран, таърихи миллат ва маърифати он дар назди умдае аз масуълини сиёсату илму фарҳанг табдил ба бозичае шудааст. Далели беэътибор ва бозорӣ шудани илм, қабл аз ҳама адами масъулияти аҳли илму мантиқ ва вусъати фасод дар фазои илму фарҳанг аст. Магар намебинем, ба ҷои ин ки ҳақиқати таърихро баррасӣ намоем, аз гузаштаҳое, ки ба дурустӣ таҳқиқ нашудаанд, ба ҳадди ифрот шиорҳое месозем ва ё ба хотири ғаразҳои шахсии худ шаъни пурҷалоли ниёконро амдан, ба сарҳади зиллат мекашонем?!
САМАРҚАНДУ БУХОРО ДУ ҚУТБИ ҲАСТИИ МИЛЛАТАНД!
Далели ин иддао намунаи боризи фориғболии аҳли илм ва бепарвоии масъулини кишвар нисбат ба ҷойгоҳи қаҳрамонон ва родмардони таърихи миллӣ метавонад бошад. Ба унвони як муаррих неметавонам, дар баробари ситаме, ки нисбат ба шарафи муборизони озодиву адолат шудааст, сокит бинишинам, чаро ки он чӣ дар ҳавзаи илми таърих иттифоқ афтодааст, ба гунаи мустақим ва мустақил ба мавзӯоти пажуҳишҳои ин ҷониб, ки то ҳол анҷом шуда, шадидан, муртабитаст. Интиқоди хешро нисбат ба мавориди пешомада ироа дошта бошам, ки вазифаам мебошад.
Бидуни шакк, фориғболии масъулини илму адаб бар назароти расмии давлат низ сироят намуда. Чунончӣ, дар паёми соли навии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки худ аз муаррихони соҳиби таълифот асту пайваста осори таърихиаш ба забонҳои мухталифи дунё тарҷумаву таблиғ мешавад, ҳатто ним ишорае бар ҷойгоҳ ва ТАҶЛИЛИ 650-мин СОЛГАРДИ НАҲЗАТИ БУЗУРГИ САРБАДОРОНИ САМАРҚАНД нашудааст (!) Пурсиш ин аст, ки: Чаро?
Аслан, маълум нест, мушовирон ва ёварони раиси ҷумҳур дар умури идеолужик бо чӣ кор машғуланд? Чӣ ҷои пинҳон аст, онҳо ҳатто бори мероси таърихи миллатро аз зери айнаки маҳал мебинанд. Чӣ гуна метавон ин ҳақиқати талхро тавзеҳ дод, ки таҷлили бузургдошти Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ба ёди ҳамагон расида, вале дар ин миён танҳо зикри ҷойгоҳи шаҳидони роҳи озодӣ ва саодати миллат, ҳатто, аз ёди раиси ҷумҳур, ки худ муаррих аст, рафта? Во аҷабо! Ҳаргиз мухолифи таҷлили бузургдошти Мирсайид Алии Ҳамадонӣ нестам, аммо, хилофи ҳама гуна ифрот ҳастам.
Магар тақвият ва пойдории сиришти миллат барои имрӯзу фардо бидуни пос доштани номи қаҳрамонони таърихи миллӣ, ки ғолибан зодаи ин хоку буманд, мумкин аст? Эй, кош, дар амал бо тамоми вуҷуд дарки ҳақиқате мекардем, ки Самарқанду Бухоро ду қутби ҳастии миллатанд! Ин ду қутбест, ки солҳост, бо далоиле доранд кам-кам хориҷ аз меҳвари ҳастии хеш мешаванд. Талхии ин ҳақиқатро низ бипазирем, ки тоҷикони Самарқанду Бухоро дар тӯли таърихи беш аз дунимҳазорсолаи хеш ҳаргиз ба андозаи имрӯз мазлуму навмед нашуда буданд. Мабодо он рӯз, ки ин ду чашмаи фарҳангу тамаддуни миллат дар назми ҷаҳони имрӯз, ба унвони решаҳои асолати миллӣ маҳв гарданд! Ҳар фоҷиае, ки бар сари тоҷикони бурунмарзӣ фурӯ бирезад, муқассири аслӣ мо-тоҷикони Тоҷикистон хоҳем буд, чаро ки бо ин ки номбардорони миллатем, вале ҳомию ҳофизи миллат нестем!
Иллати адами тасмими таҷлили аҳамият ва ҷойгоҳи наҳзати Сарбадорон дар барномаи давлат фақат падидаи фаромӯшӣ нест, балки камоли бетаваҷҷӯҳии масъулин ва бахусус, бетафовутии аҳли илму адабу фарҳанг нисбат бар шаъну эътибори гузаштаву ояндаи миллат аст! Натиҷаи чоплусиву маддоҳиии аҳли илму адаб ба ҷуз зиён чизи дигаре нахоҳад буд…
МУҚАССИРОНИ АСЛӢ
Қазоват кардан, масъулияти муаррих нест, вале рӯшанӣ андохтан бар масоили мубҳами таърих комилан вазифааш мебошад. Муқассири аслии ин ҳама саҳлангориҳои нобахшиданӣ ҳамоно Институти таърихи Академияи улуми кишвар мебошад, ки мудаттҳост, табдил ба дӯкони дифои рисолаҳои дуктурии эрониён шудааст. Дар зимн, марзи таърихи миллӣ бо баёни фаҷиаи сиёсии «даврони табартақсим» тамом намешавад, ки аз он шиоре бар илми таърих бисозем!
Гуфтаанд, ки аз зиёдии маллоҳон киштӣ ғарқ мешавад. Дар ҳақиқат, аз бисёрии муаррихини бесалоҳият низ хотираи таърих маҳв мегардад. Чӣ сабаб шудааст, ки маркази аслии илми таърихнигории кишвар, амдан ё ғайри амдӣ, яке аз бузургтарин наҳзатҳои миллии таърихи мардумашро ба кулл беарзиш донистааст? Хиҷолат бояд кашид, ки таърих ва обрӯи миллат дар китоби ҷадиди Академия хору зор аст. Агар ҳақиқат ғайр аз ин аст, пас ба чӣ далел баёни таърихи муқовимати мардум дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (ҷилди севум, с. 2013), ки муҳаррираш профессор Ҳ. Пирумшоев онро боифтихор «таҳқиқи фундаменталӣ» номидааст, ба ҳадди зиллат омада? Барои ин ки бовар ҳосил кунед, хоҳишманд аст, матни китоби мазбурро бо бахши марбутаи китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, тақрибан, ним қарн пеш аз ин «таҳқиқи фундаменталӣ»-и мазбур навишта шудааст, муқоиса намоед ва бешакк, шоҳиди беадолатиҳои илм хоҳед шуд!
Бо камоли итминон метавонам, собит бикунам, ки навиштаҳои муаррих Муъиниддини Натанзӣ (муарррихи қарни XV) дар бораи таърихи қиёми Сарбадорони Самарқанд бамаротиб боарзиштар аз «матни илмии «Таърихи халқи тоҷик» аст. Дар ҳақиқат, донишмандоне, ки андеша надоранд, шабеҳи афроди нодон ҳастанд, ки ҳамеша мавзӯотеро матраҳ мекунанд, ки мардуми оддӣ беҳтар аз онҳо мутаваҷҷеҳ аст. Ба чӣ иллат дар тӯли беш аз 25 сол дар ин даргоҳи илм, ҳатто, як мақолаи рӯзномаӣ, ки шоиста бошад, дар бораи муқовимат ва хезишҳои мардуми тоҷик алайҳи ғосибони бегона ба риштаи таҳрир наёмад? Магар таъкиду таблиғ бар мардонагиҳои меҳанпарастони аҷдоди ду шаҳри ҳуввиятсози миллат - Самарқанду Бухоро арзиши таҳқиқ ва ё бозбиниро надошт?
Чӣ тавр мумкин аст, муҳимтарин корномаҳои аз реша миллии миллати тоҷик (силсилаи муқовиматҳои мардуми тоҷик алайҳи истилои муғул, истодагарии Темурмалик, шӯриши Маҳмуди Торобӣ (с. 1236-38), қиёми Сарбадорони Самарқанд (с. 1365-66) ва ғ.(!) дар сафаҳоти «таҳқиқи фундаменталии Академияи улум», бидуни ин ки муҷаддадан, таҳлилу таҷзия шаванд, бо такрори матолиби замони шӯравӣ хулоса шудаанд?! Метавон ҳадс зад, ки далели ин ҳама чашмпӯшиҳои муҳаққиқини шӯъбаи асрҳои миёнаи Институти таърихи Академия дар баробари масъулияти хеш фақат як чиз метавонад, бошад, ки он ҳам Ислом аст.
Магар сарварони илми таърихнигории миллат намедонанд, ки ирода ва ормонҳои мардум қабл аз ҳама дар қиёмҳову муборизаҳояшон таҷаллӣ ёфта ва шӯришҳои мардумӣ, дар воқеъ, ҷону рӯҳи таърихи муборизаи озодихоҳонаи миллатанд. Қиёмҳо таърихи ранҷҳо ва мушкилоти бечорагонанд, ки бо камоли афсӯс, ағлаб аз забони душманонаш навишта шудаанд. Чаро муаррихин ва муҳаққиқини мо аз баррасии ин гуна масоили таърихи миллат худро канор мекашанд?
ХИҶОЛАТ БОЯД КАШИД!
Ин шармандагист, ки гузаштагонамон «бо нодонии хеш» шуҷоона бар зулму истидоди рӯзгор чира шуда, корҳои шигифтангезеро анҷом доданд, вале мо «бо камоли доноии хеш» матонатҳои шаҳидони роҳи озодиро хурду кӯчаку беарзиш мекунем. Магар ҷуброни ворисон ба ормони онҳое, ки барои озодии хоку бумашон ҷони хеш нисор карданд, ҳаминҳое аст, ки кардем? Фикр мекунем, вазифаи хешро дар назди падарони мубориз ба хубӣ анҷом медиҳем, вале огоҳ бояд бошем, ки он чӣ то кунун барои поси родмардон ва шаҳидони роҳи озодӣ кардаем, бисёр андак аст.
Бақои миллат баста бар ҷавонмардии фарзандонаш бошад. Бояд бидонем, ки Самарқанду Бухоро пеш аз ҳама ба далели вуҷуди фарзандони иродатманди хеш ва ба хотири аз худгузаштагиҳои фидоиёнаш Самарқанду Бухоро шуданд, на ба хотири доштани шоиру шоираҳо ва шиорҳо! Эй кош, номҳои родмардони таърихи миллӣ, ки дар таърихномаҳо сабт шудаанд, зиёд мебуданд!
Боре ҳам аз худ пурсидаем, ки агар ақвоми дигар меросхӯрони мустақими ҳамчунин родмардони таърихи гузаштаашон мебуданд, барои пос доштани ёди онон, чӣ ҳимматҳое аз худ буруз медоданд? Масъулини кишвар, аҳли илму фарҳангу адабиёт ва аз ҳама муҳим ҳамадонҳои таърихи миллат аз худ суол кардаанд, ки давлатҳо ва миллатҳои мутараққии дунё ҷиҳати пос нигаҳ доштани номи шоистатарин фарзандони таърихи хеш чӣ корҳоеро анҷом додаанд?
Магар ҷойгоҳи Сардабдорон камтар аз манзилати муборизаи Жанна д'Арк ва тарафдоронаш дар таърихи Фарансо аст? Магар ҷасоратҳои нисоргаронаи Маҳмуди Торобӣ ва хоҳару бародаронаш беаҳамияттар аз қаҳрамони таърихии миллатҳои дигаранд? Ба ҷойгоҳи ҳақиқии родмардони таърихи миллат фақат муаррихине шакк мекунанд, ки ҳақиқати таърихро нашнохтаанд.
Барои мисол, дар бораи Жанна д’Арк то кунун беш аз ҳазор пажӯҳиш, даҳҳо музеҳо ва осорхонаҳо, аз соли 1898 то имрӯз беш аз 70 филм, даҳҳо муҷассамаву тасвирҳо (аз тарафи маъруфтарин меъморон ва мусаввирон) садҳо романҳо, достонҳо тавассути нависандагон ва шуарои шинохтаи фаронсавӣ (чӣ расад акнун ба бозиҳои мухталифи роёнаӣ) ва ғ. халқ шудаанд. Чаро бояд дур рафт? Таваҷҷӯҳе бар эҳтироми миллати Озарбойҷон кунед, ки онон барои пос доштани номи Бобаки Хурамидин, ки воқеан, абармарди таърих аст, чӣ арҷгузориҳое накардаанд?
Аммо, мо тоҷикон бо ин ҳама маниятҳоямон барои пос доштани номи неку ёди неки шуҷоъон ва озодихоҳони таърихи миллӣ чӣ ҳиммате аз худ нишон додем? Ҳақиқат ин аст, ки ҳар чӣ, ки то ин дам анҷом додем, ба хотири шуҳрат ва касби эътибори худ кардаем. Оё беҳтар набуд, ки ба ҷои эҳдоси баландтарин парчами кишвар, ба мисли итолиёиҳо, фарансавиҳо, олмониҳо ва инглисҳо майдонҳои зебову дилнишин, хиёбонҳои фарроху сарсабз, музеҳову маҷмӯъаи ёдгориҳои ҳунарӣ-меъморӣ, филмҳову намоишномаҳо дар ҷиҳати муаррифӣ ва таблиғи қаҳрамонони миллӣ эҷод мекардем, то офаридаҳои лоиқу арзишманди ҳунарӣ ангезаи муносибе бар фахри наслҳои пасин бишаванд.
МУВАЗЗАФЕМ
Бояд бифаҳмем, ки сукути бемавқеи давлату ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба мавзӯи таҷлили бузургдошти ҳаводиси баёдмондании таърихи гузаштаи миллат, аз як сӯй бар зарари тақвияти ҳуввият ва касби эътибори миллӣ дар низоми феълӣ бошад, аз сӯйи дигар ангезаи ҷадиде бар шиддати раванди аз миён рафтани миллати тоҷик дар Самарқанду Бухоро метавонад, бишавад.
Мо тоҷикон, бо фориғболӣ ва бетаваҷҷӯҳии худ нисбат ба тақдири мардони ҳуввиятсози таърих, равған бар оташи хасмон мерезем. Ба ҷои ин ки аз роҳи маънавӣ ҳимоят аз ҳаққи бародарони худ, яъне аз самарқандиёну бухориён кунем, баръакс равзанаи умеди бародарони хешро бо ғубори аъмоли худхоҳонаи худ табдил ба ҷӯйбори хушки навмедӣ мекунем. Дареғо, мардуми тоҷик ҳанӯз ҳам дар хоби ғафлат аст, зеро бедории миллат он гоҳ оғоз мешавад, ки агар ба иштибоҳи худ пай бибарад!
Насли имрӯз бештар аз ҳар давраи таърихи хеш ба таҷлилу таблиғи шуҷоату мардонагии аҷдодаш ниёз дорад. Бидуни шакк, зикри ёди номи далерони таърихи куҳан ва таҷлили диловариҳои бузургони миллат чашмаҳои фаёзбахши миллатанд, ки набояд барои хушкиданашон роҳ диҳем!
ПЕШНИҲОДОТЕ ЧАНД:
Судури фармони масъулин барои таҷлили густардаи 650-мин солгарди наҳзати бузурги Сарбадорони Самарқанд лозим ба назар мерасад.
Тадвини барномаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ҷиҳати баргузории нишастҳо, конфросҳову ҳамоишҳои илмӣ пиромуни таърихи муборизоти миллӣ - озодихоҳӣ, чопи маҷмӯаи мақолот, анҷоми таҳқиқот ва таълифоти имлӣ-пажӯҳишҳӣ перомуни таърихи иҷтимоӣ ва ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар Академияи улум ва донишгоҳҳо (қабл аз ҳама дар Институтҳои шарқшиносӣ, таърих ва факултаҳои таърихи донишгоҳҳои ҷумҳурӣ) бояд аз корсозтарин иқдомоти аҳли дониш барои имрӯзу оянда бошанд.
Таблиғу ташвиқоти ҷонфидоиҳои шӯришиёни сарбадория ва тасвири корномаҳои муборизони дигари роҳи озодӣ бояд аз ҷаззобтарин ва дар айни замон аз боэҳсостарин офаридаҳои зеҳнии аҳли қалам гардад. Мутаассифона, дар ин бахш адабиёти миллии мо ба маъни аслии калима лангу лол аст. Арзиши ҳунари бадеъ, на он аст, ки мадҳ аз зиндагони ношоиста кунӣ, балки он аст, ки мурдагони шоистаро зинда кунӣ!
Таҳия ва ташвиқи филмҳои ҳунарӣ, сериалҳои телевизионӣ, намоишномаҳои мавзӯӣ ва ғ., ки бар пояи ҳунари волову воқеъиятҳои таърихӣ халқ шуда бошанд, бидуни шакк, ҷиҳати худогоҳии миллат ва маърифати таърихии ҷомеъа бисёр муассир хоҳанд буд.
Эҷоди осорхонаҳои ҷадид ва ё гӯшаҳои тахассусии пурмуҳтаво дар ҳамаи музеҳои таърих ва кишваршиносии ҷумҳурӣ ҷиҳати таблиғ ва ташвиқи корномаҳои диловарони таърихи миллӣ бо истифода аз тавоноии ҳунармандон (мусаввирон, меъморон, муҷассамасозон ва ғ.) низ яке аз таъсиргузортарин роҳҳои таблиғи донишу маърифат дар ҷомеъа аст.
Тақвияти ҳуввияти миллӣ дар ҳар замону даврон бидуни зикри номи бузургони миллӣ ғайри мумкин аст. Аз ин рӯ, эҳдоси майдонҳои ҷадид, номгузории хиёбонҳо, муассисоти ҳунарӣ, муҷтамаҳои маскунӣ ва ғ. ба исми Сарбадорон (ва низ ба номи мафохири дигари таърих, аз қабили: Спитамен, Абӯ Муслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Темурмалик, Торобиён ва диг.) бо насби тандисҳои шоистаи онон дар маҳалҳо аз айнитарин роҳҳои пос доштани ёди неки қаҳрамонони таърихи миллӣ метавонад бошад…
Нек бояд донист, ки наслҳо меоянду мераванд ва фармонҳо содир мешаванду иҷро, вале он чӣ боқӣ мемонад, фақат фароянди амалҳост, ки дар тарозуи таърих қарор хоҳанд гирифт. Давлат муваззаф аст, ба хотири хуни шаҳидони роҳи озодӣ ҳиммат бар поси номи онон варзад! То фурсат ҳаст, ислоҳи иштибоҳот ва ҷуброни лағзишҳо ҳаргиз дер нест!