Вазорат: Халабони тоҷик дар Либия озод шуд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз озодии Акмал Раҳматов, халабони боздоштшудаи тоҷик дар Либия хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод 8-уми феврали соли равон Раҳматов, ки 21 декабри соли 2014 дар шаҳри Тароблуси Либия бо дигар сарнишинони Ширкати ҳавопаймоии “Route Aviation” боздошт шуда буд, пас аз озод шуданаш аз Тароблус ба Истанбул ва аз он ҷо ба Дубай парвоз кард.
Вазорати умури хориҷӣ таъкид мекунад, ки ҳоло халабони тоҷик ба ҷойи кории худ баргашта, фаъолияташро дар ширкати “Route Aviation” оғоз кардааст.