Дар як моҳ 45173 тоҷикистонӣ ба Русия ва Қазоқистон мардикорӣ рафтаанд
Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар як моҳи ахир 54 ҳазор шаҳрванд аз қаламрави кишвар берун рафтаанд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, имрӯз, 9 феврал ба “Озодагон” гуфт, “аз ин теъдод 45 ҳазору 173 нафар бо қасди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ва 245 тани дигар бо ҳамин ҳадаф ба Қазоқистон рафтаанд”.
Манбаъ мегӯяд, 6 ҳазору 858 нафаре, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русияву Қазоқистон рафтаанд, занҳо мебошанд. Дар ҳамин ҳол, бино ба омори Хадамоти муҳоҷират, дар моҳи январи соли 2015 39 ҳазору 654 шаҳрванди кишвар аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд, ки 5 ҳазору 361 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳад: “Мутассифона, 239 шаҳрванди мо бо шумули 39 зан, барои нақзи қоидаҳои будубош, бозпас гардонида шуданд."