ВИДЕО: Варзишгари тоҷик қаҳрамони гуштии озоди Доғистон шуд
Бобохон Воҳидов, варзишгари ҷавони тоҷики муқими Русия қаҳрамони ҷумҳурии Доғистон дар гуштии озод шудааст.
Ба иттилои сомонаи расмии “Муҳорибаи варзишии Доғистон”, Воҳидов дар як сабқате рӯзи 7 феврал дар вазни 57 кило ба ҳамаи рақибони худ пирӯз шудааст.
Бобохон Воҳидови 21-сола, ки дар ҳайати варзишагрони Доғистон тамрин мекунад, аз номи ин ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок мекунад.
Ин бори аввал нест, варзишгарони тоҷики муқими Русия дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мақоми аввал ба даст меоранд. Муҳаммад Муҳиддинзода, варзишгари 17-солаи тоҷики муқими Русия, ки қаҳрамони сабқати Аврупо оид ба гуштии тарзи озод миёни наврасон низ ҳаст, моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқоти 10-уми байналмилалӣ оид ба гуштии озод дар шаҳри Красноярск дар вазни 46 кило барандаи медали тилло гардид.Навори қувваозмоии Бобохон Воҳидов