Як хонандаи “Озодагон”, ки худро Ҳақнавоз гуфтааст, бо ирсоли матлабе аз хизматрасонии мусофиркашҳои ширкати “Осиё Экспресс” дар хатсайри Шаҳринав-Душанбе нигаронӣ кардааст. Ҳоло ин навиштаро дар ихтиёри хонанда мегузорем.
“Як замон нақлиёту шароит ва хизматрасониҳои ширкати “Осиё Экспресс”-ро танҳо дар филмҳо медидам ва орзу мекардам, дар шаҳру навоҳии кишвари азизам чунин нақлиёте, ки воқеан ба ҳусни кишвар боз ҳусн зам мекунад, ворид шавад. Билохира, “Осиё Экспресс”, фаъолияташро дар Тоҷикистон оғоз намуд ва нақлиётҳои хурду калони худро вориди Тоҷикистон сохт. Акнун интизори фурсате будам, ки аз хизматрасонии нақлиётҳои ин ширкат истифода бубарам. Ниҳоят рӯзе ба шаҳри Душанбе сафар кардам ва хостам, аз ин автобусҳо истифода кунам. Вақте дохили он гаштам аз ронанда пурсидам: “Бародар, пас аз чанд дақиқа ба роҳ мебароем?” Ронанда гуфт: “Додарҷон, баъди 5 дақиқа”. Аммо 5 дақиқа 20 дақиқа шуд. Мусофирон изҳори норизиӣ карданду ронанда маҷбур гашт, муҳаррики автобусро ба кор дарорад. Аз ин ҷо пай бурдам, ки нақша ва вакти муайяни хатсайр аз ҷониби ширкат муайян нашудааст ва ронандаву ёрдамчии он ҳар кореро хоҳанд, анҷом медиҳанд.
Чизи дигар, ки нороҳатам кард ин буд, ки “Осиё Экспресс” нархномаи тасдиқгардида надораду ёрдамчӣ ва худи ронандаҳо ҳар нархеро хоҳанд, мегузоранд. Танҳо нархи нуқтаи аввал ва нуқтаи охир муайян аст ва нархи масофаи нимаи роҳ ба инсофи ронандаву ёрдамчиаш вобаста будааст. Як замон ронанда хост худашро муаррифӣ созаду ба мусофирон сафари бехатарро орзу кунад. Аз суханронии ронанда ҳис кардам, ки таҳсилдида нест ва ҳар чи ки дар зеҳнаш ояд бе ягон андеша ба забон меорад. Агар аз ин мусофиркаш ягон сайёҳи хориҷӣ истифода кунад, ҳамагӣ дар чанд дақиқа ба саводнокӣ ва одоби гуфтору рафтори мардуми ин сарзамин баҳо медиҳад. Хуллас, ман дар курсии роҳати ин нақлиёт нишаста, воқеан ҳаловат мебурдам то замоне ки дар экрани дохили автобус як суруд бо забони узбакӣ оғоз нашуд. Ба худам гуфтам, шояд завқи ҳама мусофирон ба инобат гирифта шудааст, аммо ингуна набудааст. Ба ронанда кадом суруде, ки писанд ояд ҳамон видеонаворҳоро истифода мебурдааст. Ҳамин тариқ 5 суруд бо забони узбакӣ садо дод ва косаи сабри ман ҳам лабрез шуд.
Аз ёрдамчии ронанда хостам, ягон суруд бо забони тоҷикӣ бимонад. Хоҳиши маро хуб пазируфт ва тағйири фита кард, вале дуруст пай набурдам, ки фитаи туйи домодии худашро гузошт ё аз писари ронандаро. То шаҳри Душанбе туй тамошо карда рафтем. Ростӣ бори дуввуму савум низ аз нақлиёти ин ширкат истифода кардаму ба чунин хулоса расидам, ки чӣ фита гузоштан ба завқи ронанда вобаста будааст. Ҳатто ҷиҳати ахлоқии онро ба назар намегиранду наворҳои нимбараҳнаҳоро зиёд истифода мекунанд. Ман дар назар дорам, видеоклипҳои аврупову амрикоиро. Дар замони муосир, ки ба хусус ҷавонону наврасони мо ниёз ба тарбият доранд, бояд чи дар боғҳои истироҳатӣ ва чи дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳриву байни шаҳрӣ бо истифода аз ғазалу пандҳову видеонаворҳои тарбиявӣ ба мардум ғизои равонию ахлоқӣ дода шавад. Хуб мешуд, ширкати “Осиё Экспресс”, ки зиёдтар ба мардум хизмат мерасонад, аз пандҳову наворҳои ахлоқӣ бештар истифода бубарад ва дар раванди тарбияи ахлоқи ҷомеа саҳми худро бигузорад. Аз масъулини ин ширкат хостгори онам, ки баъди боварии мардумро ба даст овардан, бикушанд то ба ин боварӣ сазовор бошанд”.