Худкушии духтари ноболиғ дар Бадахшон
Як хонандаи синфи 10 охири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Шуғнон даст ба худкушӣ задааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ҳодисаи худкушӣ шоми шанбеи 7 феврал дар водии Ғунд рух додааст: “Духтари ноболиғ ба қасди худкушӣ доруи зиёд истеъмол кардааст. Табибон натавонистаанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.”
Сабаби ба ҷони худ қасд кардани ин хонандаи мактаб то кунун маълум нашудааст. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ вақтҳои охир майли ноболиғон ба худкушӣ дар вилоят рӯй ба афзоиш ниҳодааст.