(ВИДЕО) Кормандони пулис: Дучарха кори моро осон мекунад
Маъмурини пулиси шаҳри Душанбе мегӯянд, назорати тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои пойтахт тавассути дучарха роҳаттар аст.
Косибхон Сангов, фармондеҳи баталиони Хизмати дидбониву пайраҳадории Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфт, 120 дучархаи махсусгардонидашуда, ки ахиран аз сӯйи сафорати ИМА тақдим шуд, кори маъмурини милисаро хеле осон хоҳад кард.
Қаблан гуфта шуд, кормандони Хадамоти дидбонию пайраҳадорӣ ин дучархаҳоро фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ истифода мебаранд. Косибхон Сангов мегӯяд, барои намуна яктоӣ аз ин дучархаҳо ба чор ноҳияи пойтахт тавзеъ шуда ва тайи се рӯз мешавад, он мавриди истифода қарор дорад: “Ин дучархаҳои оддӣ набуда, барои кормандони милитсия махсусгардонидашуда мебошанд. Дорои навиштаҷоти "полис" ва чароғакҳои ранга ҳастанд, ки шабона дар рафти иҷрои вазифа қулай мебошад. Ҳамчунин бордони махсус дорад, ки дар он китоби хизматӣ, тасма ва асбобҳои лозимаи дучарха гузошта мешавад”.
Ӯ афзуд, бо дучарха бештар минтақаҳои гаштугузори зиёди мардум, гулгашт ва хиёбонҳои марказиро назорат мекунанд. Олимҷон Ғуломов ва Абдулло Ибодуллоев, ки аз ин дучархаҳо истифода кардаанд, ба “Озодагон” гуфтанд, он имкон медиҳад, дар фурсати кутоҳ минтақаи зиёд зери назорат қарор бигирад. Ибодуллоев афзуд: "Рӯзи дуюм аст, ки дар ноҳияи Сино-2-и шаҳри Душанбе бо дучарха ҳаракат мекунем ва вазифаамон таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии рафти ҷиноят мебошад. Хизмати дидбонӣ ва пайраҳадориро дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, аз назди муҷассамаи Сино то саршавии кӯчаи Ғафуров бар уҳда дорем, ки назорати хатсайр тавасути дучарха дар ин минтақа хело корро осон мекунад".
Косибхон Сангов, фармондеҳи баталиони Хизмати дидбониву пайраҳадорӣ мегӯяд, дар марҳилаи аввал дучархаҳо танҳо дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифта, дар оянда ин иқдом дар минтақаҳои дигар низ роҳандозӣ хоҳад шуд.