ВИДЕОИ пурраи "Ривояти Шайх Темур” ё “Маҳдии охирзамон”
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми имрӯз, 6 феврал филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.
Таҳиягарони ин филм мегӯянд, Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, то соли 2012-ум номи ӯ Темурхон будааст: “Аммо охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро миёни муридон “Маҳдии охирзамон” гуфта, номашро расман Саидмаҳдихон Сатторов кардааст.”
Ӯ як шахси соҳиби маълумоти нопурра муаррифӣ шуд, ки дониши нахустини диниро аз падараш омӯхта ва худро миёни мардуми водии Ҳисор “авлиё”, “шайх” ва “имом Маҳдӣ” гуфта, духтарони ҷавонро ба никоҳаш медаровардааст. Дар ин гузориши телевизионӣ ба дороиҳои Сатторов низ ишора гардида таъкид шуд, аз ҳисоби муридонаш соҳиби молу мулк шудааст. Муридон ба ӯ то ҳадде ихлос доштаанд, ки молашонро тақдим мекардаанд, мошинашро мебӯсидаанд ва оберо, ки шайх дар он даст мешустааст, бо навбат менӯшидаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин филми мустанад аз мошинбӯсӣ то саҷдакуниҳо ба “Шайх Темур”-ро хилофи шариати исломӣ мегӯяд.
Муридонаш, ки дар пайравӣ ба ӯ саллаи кабуд мебастаанд, миёни мардум ҳамчун “саллакабудҳо” маъруф будаанд. Муридон нафаронеро, ки барои ба зании “шайх” додани духтарони ноболиғашон розӣ намешудаанд, бо он тарс медодаанд, ки “авлиё” дуои бадашон мекунаду ба балое гирифтор мешаванд. Ба иддаои таҳиягарони филм, “Шайх Темур” соҳиби 7 зан ва 20 фарзанд буда, бештари занҳояшро дар синни 15-18 солагӣ ба никоҳ даровардааст.
Гузоришгари телевизион аз доираҳои руҳоният интиқод мекунад, ки бо вуҷуди огоҳӣ аз кирдорҳои раҳгумзанандаи "Шайх Темур" ошкоро алайҳи куфру ширки ӯ садо баланд накардаанд: "Инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тӯли чандин сол қаллобиҳои зери пардаи дин пинҳоннамудаи Сатторов Темурхонро назора карда, хомӯширо авлотар донистаанд. Ва ҳатто алоҳида намояндагони соҳаи савдои давлатӣ хешро муриди ӯ хонда, кумаки молии хешро аз ӯ дареғ надоштаанд".
Шоҳидии “Шайх Темур”, иқрори муридон, нишондоди ҳамсар, суолу ҷавоб бо уламо ва шарҳи муфтии Тоҷикистонро ба таври муфассал дар навори зер тамошо кунед: