Даъвати муовини муфтӣ барои итоат ба амру супориши Эмомалӣ Раҳмон
Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон даъват кард, ба гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар гӯш дода, ба тамоми амру фармоиши ӯ итоат кунанд. Ӯ ин дархостро рӯзи 6 феврал зимни хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ироа кард.
Муовини раиси Маркази исломӣ гуфт, “мову шумо бояд ба ҳар амру супорише, ки аз ҷониби сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад, итоат кунем”. Ӯ дар шарҳи ин гуфтаи худ изҳор дошт, “сабабгори ин сулҳу субот ва оромии кишвар маҳз Эмомалӣ Раҳмон мебошад”.
Сайид Акбар таъкид кард, раисҷумҳури Тоҷикистон барои беҳбудии миллати тоҷику шукуфоии кишвар саъю талоши зиёд дорад ва то имрӯз чандин мактаб бунёду донишомӯзон бо лавозимоти хониш, аз ҷумла компютер таъмин шудаанд: “Имрӯзҳо мо тавассути ойинаи нилгун мебинем, чи тавр дар гӯшаву канори кишвар мактабҳо буёнд ва биноҳо қомат афрохта истодаанд ва бародарону фарзандони мо дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил доранд”.
Ӯ дар идома аз сокинон хост, аз гуфтани суханҳои баду таҳқиромез дар ҳаққи якдигар худдорӣ кунанд: “Ҳар сухани мо ки боиси ранҷиш ва нороҳатии ӯ мешавад, гуфтани он дуруст нест ва мо ин ҳақро низ надорем. Мову шумо ҳаққе надорем, касеро таҳқир кунем”.