Зоиров дар TV: Қории Қуръонам, аммо Исломро бо сиёсат олуда намекунам
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 5-уми феврал зимни баромади пешазинтихоботияш тариқи шабакаи аввали телелвизиони давлатӣ аз мардум даъват намуд, дар интихоботи парлумонии 1 март ба ҷонибдорӣ аз ҳизбаш овоз диҳанд.
Раҳматилло Зоиров дар хитоб ба мардум гуфт, Ҳизби сотсиал-демократ ҳизби мубориз, қонуният ва ҳизби таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон буда, тақдири имрӯз ва ояндаи кишвар мебошад: “Аз ин рӯ ба ҳизби Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон овоз диҳед”.
Зоиров инчунин қайд намуд, дар ҳизбаш нафароне ҷамъ гаштаанд, ки воқеан ҳам афроди арзандаанд.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон илова кард, ки аксарият дар ҳизбаш мусалмон ҳастанд, вале дини Исломро ба интихобот олуда кардан даркор нест. Номбурда иброз дошт, дин бояд дар соҳаи маънавиёт, фарҳанг амал карда тавонад: “Ин мазмуни онро надорад, ки мо арзишҳои дини Исломро истифода накунем, албатта худи ман бевосита аз 12 солагиям қории Қуръон мебошам, лекин ман ягон маротиба, дар ягон баромадам қории Қуръон гуфта, худро бисёр таърифу тавсиф накардаам. Ғайр аз ин, аз авлоди Шайх Умари Бостонӣ, абераи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳастем ва аз рӯи эътиқоде, ки ба Ислом дорем, динро дар масъалаҳои сиёсӣ истифода намекунем. Ин мавзӯъ бояд дар Тоҷикистон аз нав баррасӣ карда шавад ва мо Исломро дар ҳақиқат муқаддас дониста, эҳтиром карда, онро дар соҳаи фарҳангу маънавиёт истифода бурда, бевосита якдигарфаҳмӣ дар ҷомеаро таъмин карда тавонем”.
Раҳматилло Зоиров дар масъалаи миллият ва миллату давлатдорӣ иброз дошт, ки дар Тоҷикистон тибқи моддаи 6-и Сарқонуни кишвар ҳама шаҳрвандон новобаста аз миллияти онҳо ё ин, ки эътиқоди динияшон, халқи Тоҷикистонро ташкил медиҳад: “Яъне дар ин мазмун халқи Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон ва миллати Тоҷҷикистон ин як аст. А аз нигоҳи миллият-миллияти тоҷик, миллияти узбек, миллияти рус, қазоқу қирғизу дигар дорем, лекин як миллат дорем ин ҳам миллату давлати Тоҷикистон”.
Раиси ҲСДТ баромади пешазинтихоботияшро дар баробари забони тоҷикӣ, инчунин бо забони узбакӣ ва русӣ ироаи омма кард.
То кунун дар баробари Раҳматилло Зоиров, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистӣ,Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон барномаҳои худро тавассути Шабакаи аввали телевизион муаррифӣ кардаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсии кишвар, ки барои иштирок дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон расман ба қайд гирифта шудаанд, ба хотири муаррифии барномаҳо тавассути шабакаҳои давлатии телевизион 40 дақиқа вақт додааст. Номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ бошанд, 20 дақиқа фурсат доранд, то аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.