Кабирӣ: “Бояд аввал шукронаи Худоро кунем, баъд шукронаи миллат ва баъд...”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни суҳбат бо сокинони минтақаи Кӯлоб аз иҷро нашудани банде аз санади ба имзорасидаи ҳамдигарбахшӣ дар пайи ҷанги шаҳрвандии кишвар нигаронӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 5 феврал дар суҳбат бо беш аз 500 сокини минтақаи Кӯлоб гуфтааст, бархеҳо бо гузашти 16 сол аз имзои санади ҳамдигарбахшӣ фаромӯш карда, дубора баҳси “кӣ ҷангро шурӯъ карду кӣ зарару фоида дид”-ро оғоз кардаанд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, зинда намудани ин гуна баҳсҳо дар ҷомеа ва саволу масъалагузориҳо дар ин бора тавассути барномаҳои телевизионию радиоӣ барои аз байн бурдани субот ва ваҳдати миллати тоҷик равона шудааст: "Мо вақте санади ҳамдигарбахширо имзо кардем, дар он ҷо як ҷумлаи бисёр зебо, ки ҳарду тараф онро қабул карда, имзо гузоштанд, мебошад. Маънои он ҷумла ин аст, ки лаънати Худо ва ғазаби миллат бар касе бод, ки ҷанги шаҳвандиро ёддоварӣ мекунаду тарафи дигарро барои он гунаҳкор медонад. Вале мутаассифона баъзеҳо чунин санадро фаромӯш карданд, ки он моро ба сулҳу ваҳдат овард ва баъд аз гузаштани 15-16 сол шурӯъ карданд ба бардоштани масъалаҳое мисли "Кӣ чангро шурӯъ кард? Кӣ зарару ки фоида дид". Душманон моро ҷанг андохтанду алайҳи якдигар шурониданд, ки зарар дид -- миллати точик. Дуруст аст, ки баъзеҳо соҳиби мансабу мақом ва соҳиби пул шуданд, вале миллат дар маҷмӯъ зарар дид ва бохт".
Кабирӣ дар идома бори дигар аз паёмади бад ва хатари бузурги душмантарошӣ ҳушдор дода, таъкид кардааст, “нашавад, ки имрӯз бо барҳам задани сулҳу субот ва оромиш боз баъдан пушаймон шавему ва дубора душман бикобем, ки кӣ моро ба ин ҳолат овард". Ӯ аз сокинони кишвар даъват кардааст, ба қадри сулҳу субот ва оромию амнияти кишвар бирасанд ва шукронаи Худову ин миллат ва масъулину раҳбарияти кишвари худро намоянд: "Мо бояд шукронаи ин сулҳу субот ва миллат кунем. Мо бояд аввал шукронаи Худоро кунем, баъд шукронаи миллат ва баъд аз он шукронаи масъулину раҳбарияти кишвар ва ҳизбҳои сиёсиву ва шахсоне, ки барои расидан ба сулҳу субот саҳм доштанд. Худоро шукр мегӯям, ки дар тӯли даҳ соле, ки вакил будам аз ҲНИТ ҳамон миқдор қуввату қудрате, ки доштем, барои хидмат ба миллат ва мардум дар қонунгузорӣ саҳми худро гузошем. Аз ҳама муҳимаш дар Маҷлиси намояндагон рафторе накардем, ки бар зарари миллату давлат анҷом шуда бошад. Як дӯстам суол дод, ки тӯли даҳ соли вакилӣ ба мурдум чӣ хизмате кардам? Гуфтам: Шояд ҳеч хидмат накарда бошам, вале ҳаминро медонам, ки ба ин миллат ҳеч зараре нарасонидаам".
Дар ҳамин ҳол, яке аз ширкатдорон ба ин даъвати Кабирӣ эътироз баён карда, аз ӯ интиқод кардааст, ки бояд аз мардум мехост, баъд аз Худованд на аз миллат, балки аз раисҷумҳури Тоҷикистон шукрона кунанд. Ҳарчанд дафтари матбуотии ҲНИТ номи ин шахсро зикр накардааст, вале ӯ гуфтааст: “Бояд баъд аз Худо аз раисҷумҳури кишвар шукрона кард ва баъд аз миллат”. Раиси ҲНИТ низ дар навбати худ афзудааст, ҳарчанд ба назари ин сокини кишвар эҳтиром қоил аст, вале ба гуфтаи ӯ, шояд аз ин тақсимбандӣ худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон розӣ набошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Майрамбӣ Ғаффорова, муовини раиси ноҳияи Ҷалоллидин Румӣ низ аснои суханронии Кабирӣ дар конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар ин ноҳия аз раиси ҲНИТ хоста буд, бигӯяд, бояд аз раисҷумҳури Тоҷикистон шукрона кард. Ба навиштаи торнамои ҲНИТ, “вақте Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бояд аз Худованди карим шукргузорӣ кард ва аз миллати тоҷик барои ваҳдат ва бародарӣ шукрона кард, нохост хонум Ғаффорова аз ҷой бархоста, бидуни гирифтани иҷозат суҳбати Кабириро қатъ карда, ба овози баланд гуфт, ки бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард. Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба ӯ гуфт: "Мунтазир бошед, ман то ҳол ҷумлаамро ба итмом нарасондаам. Ҳатман аз Президенти кишвар ва Шумо барои ҳамкорӣ ташаккур мегӯям." Вале хонум Ғаффорова баъди халал ворид кардан ба нишони эътироз конфронсро тарк кард”.