Дар Душанбе маъруфтарин клипҳои тоҷикиро эълон мекунанд
Шабакаи интернетии "Tamoshow" аз таъсиси ҷоизаи мусиқӣ хабар дод, ки ҳадафаш муаррифии маъруфтарин клипҳои хонандаҳои эстрадаи тоҷик гуфта мешавад.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик мегӯяд, маросими ҷоизасупорӣ 22 феврал дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенси Душанбе” баргузор хоҳад шуд: “Клипҳое барандаи ин ҷоиза мегарданд, ки дар шабакаи “Tamoshow” беш аз 50 ҳазор маротиба тамошо шудаанд”.
Ба қавли ҷаноби Зеваров дар нахустин маросими ҷоизасупории "Tamoshow" 18 клипи сербинанда эълон мегардад: "Инчунин ба ду нафар ҷоизаи махсус тақдим мекунем".
Ӯ мегӯяд, клипҳои Меҳрнигори Рустам, Дамирбек Олимов, Фаридуни Хуршед, Зулайхо Маҳмадшоева, Фарзонаи Хуршед, Ҷонибек Муродов, Валиҷон Азизов, Нигора Холова, Зайнура Пулодова, Баҳром Ғафурӣ, Аниса, Суруш Холов, Фарангис, Тахмина Ниёзова ва дигарон довталаби ҷоиза мебошанд. Ҷӯрабек Муродов ва Сурайё Қосимова аз меҳмонони фахрии “Tamoshow” хоҳанд буд