Баромадаи пешазинтихоботии Зоиров тавассути Шабакаи аввал
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби мухолифи кишвар тавассути Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ барномаи интихоботии ҳизбашро муаррифӣ мекунад.
Раиси ҲСДТ рӯзи 5 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ӯ ҳудуди 40 дақиқа дар ин барнома дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҳизбаш ҳарф хоҳад зад. Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, ин барнома имрӯз 5 феврал соати 19:20 дақиқа тавассути Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Ин дар ҳолест, то кунун Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистӣ,Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон барномаҳои худро тавассути Шабакаи аввали телевизион муаррифӣ кардаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсии кишвар, ки барои иштирок дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон расман ба қайд гирифта шудаанд, ба хотири муаррифии барномаҳо тавассути шабакаҳои давлатии телевизион 40 дақиқа вақт додааст. Номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ бошанд, 20 дақиқа фурсат доранд, то аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.