Иштироки подшоҳи Урдун дар ҳамла алайҳи "Давлати исломӣ"
Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун пас аз зинда оташ задани як халабони ин кишвар аз сӯйи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДИИШ) тасмим гирифтааст, дар ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи ҷангҷӯёни ин созмон шахсан иштирок кунад.
Ба иттилои расонаҳои урудунӣ, Малик Абдуллоҳ имрӯз, 5 феврал дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳои низомии кишвараш алайҳи ҷангҷӯёни ДИИШ бо таёраи ҷангии навъи Ф16 иштирок хоҳад кард. Ин тасмим шоҳи Урдун дар ҳолест, ки ӯ дар доираи як сафари расмӣ дар Амрико қарор дошта, баъд аз шунидани қазияи халабон сафари худро нотамом қатъ намуд ва ба Ватан баргашт.
Бар асоси иттилои мақомоти урдунӣ қарор аст, имрӯз ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар минтақаҳои таҳти тасарруфи ДИИШ, аз ҷумза шаҳри Раққаҳ ва Мавсилро бомбборон кунанд.
Гуруҳи террористии ДИИШ рӯзи 4 феврал бо нашри як навори видеоӣ аз зинда оташ задани Муоз Ал-Касосбеҳ, халабони уруднӣ, ки чанд моҳи қабл аз сӯи ҷангҷӯёнаш асир гирифта шуд, хабар дод. Дар ин навор дида мешавад, марде дар тан либоси норинҷӣ дар як қафаси оҳанӣ дар байни оташ дасту по мезанад.
Мақомоти Урдун баъд аз ба оташ кашидани халабони худ - Соҷида Ришовӣ, зани ироқиеро, ки ба иттиҳоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешуд, ҳамроҳ бо як ҷиҳодии дигар ба дор овехт. Дар ҳоле ки ДИИШ озодии онҳоро талаб карда буд.