Боздошти 2 масъули САҲШ-и Душанбе барои тамаъҷӯӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Душанбе хабар дод, ки аз корафтодаҳо пора мегирифтаанд.
Ба иттилои манбаъ, 29 январи соли равон ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Қосимова муроҷиат карда, арз доштааст, нисбат ба мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе -- Ҳайдарова Шаҳодат Акбаровна ва зертобеаш -- Малика Мадаминова чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иддаои Қосимова, масъулини зикршуда барои иваз намудани ному насаби писараш -- Аломуддин Бурҷинов, 100 сомонӣ гирифта, 150 доллари амрикоии дигар талаб карда истодаанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, 29 январи соли 2015 Малика Мадаминова, мутахассиси бойгонидории САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани маблағи 100 доллари амрикоиву 280 сомонӣ аз Қосимова дастгир шуд. Ин ниҳод мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур нисбати Мадаминова ва раҳбараш Ҳайдарова бо моддаи 324 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷуӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.