3 ҷавони тоҷик барои таҳсил Ветнам меравад
Заводҳои ортопедию протезии агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди махсус барои маъюбони кумитаи байналмилалии Салиби Сурх як гурӯҳи довталабонро барои таҳсил дар хориҷи кишвар интихоб намуд.
Тавре аз агентии мазкур ба “Озодагон” хабар доданд, қарор аст, ин довталабон барои таҳсил дар Маркази таълими технологияи ортопедӣ ба шаҳри Ханойи Ветнам фиристода шаванд. Зимнан, барои ба кишвари Ветнам фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзиши касб дар риштаи ортопедӣ ва омода намудани мутахассисон барои завод ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ қаблан озмун эълон шуда буд, ки тариқи он 3 нафар интихоб гардиданд. Давомнокии таҳсил се солро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}