Коршинос: Бо муҳоҷирони баргашта бояд равоншиносон кор кунанд
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, тайи як моҳи ахир дар шимоли кишвар 7 ҷинояти куштор ва як ҷинояти қасдан расонидани зарар, ки боиси марги инсон гардид, ба қайд расидааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 9 нафар, бо шумули 2 тифл ба ҳалокат расидаанд. Аз Раёсати умури дохилии Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, бештари ҷиноятҳо дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст.
Сар задани ҳодисаҳои куштор дар ҳолест, ки Назарзода Шариф Раҳмон - сардори Раёсати умури дохилии вилоят дар охирин нишасти хабариаш гуфт, дар 12 моҳи соли 2014 дар шимоли кишвар 33 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013, 11 адад ё 25 дарсад камтар аст. Ин нишондодро Назарзода Шариф Раҳмон тавсиф намуда, изҳор дошт, чунин коҳишёбии куштор дар 5 соли ахир дар минтақаи вилояти Суғд набуд.
Ислом Раҳимов, коршиноси масоили иҷтимоӣ зиёд шудани ҷиноёти кушторро дар ин авохир ба омилҳои гуногун марбут медонад: “Яке аз сабабҳои аслӣ муташанниҷ шудани вазъи муҳоҷират аст. Аксари муҳоҷирон баргашта омадаанду дар ҳолати “стрес” қарор доранд. Стреси иҷтимоӣ, ки вобаста ба маблағ ва воситаҳои пулӣ аст. Аз ин сабаб, даст ба куштор задан ҳолати муқаррарӣ метобад”.
Оқои Раҳимов мегӯяд, бо муҳоҷироне, ки бо далели буҳрони иқтисодии Русия аз он кишвар бармегарданду дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд, дар Ватан корҳои равоншиносӣ гузаронида намешавад: “Будан ва набудани пул ҳам боиси харобии асаб мегардад ва касро ба ҳолати изтироб ва риққат меоварад”.
Ин коршинос дар идома афзуд, бархеҳо мушкилоти иҷтимоиро бо роҳи зӯр ҳал кардан мехоҳанд, “дар ҳамин ҳолат эҳсос мегардад, ки сатҳи ахлоқӣ ва ҳолати башардӯстии мардум хеле поин рафтааст. Барои паст кардани чунин ҳолат, пеш аз ҳама бояд марказҳои равоншиносӣ таъсис дода шавад ва мутахассисони хуб онҷо ҷалб шаванд. Дар марҳилаи аввал бояд аққалан мутахассисони рус ё эронӣ даъват шаванд".