Зоиров дар бораи гуноҳ ва бегуноҳии номзади боздоштшудаи ҲСДТ
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон имрӯз, 4-уми феврал бо нашри як изҳорот иттиҳоми мақомот алайҳи Фирдавс Соҳибназаров, раиси шӯъбаи ҲСДТ дар ноҳияи Хуросон ва яке аз номзадҳои пешбаришудаи ин ҳизб ба вакилӣ дар парлумонро беасос, сохта ва сиёсӣ хондааст.
Зоиров, ки ваколати дифои Соҳибназаровро ба дӯш гирифтааст, изҳор медорад, зерҳимояаш 3-юми феврал, тақрибан соати 18-ю 15 дақиқа боздошт шуда, ба иттилои мақомот дар гумшавии 42 ҳазор доллари амрикоии бонки “Тоҷпромбонк” айбдор мешавад.
Ба гуфтаи Зоиров парванда дар мавриди гумшавии маблағҳои “Тоҷпромбонк” ҳанӯз соли 2013 ифтитоҳ шудааст, вале на дар асоси даъвои роҳбарияти бонк, балки дар асоси аризаи Фирдавс Соҳибназаров алайҳи фиребкориҳо дар ин бонк боз шудааст: “Соҳибназаров, ки он замон ба ҳайси коршиноси умури қарз дар шуъбаи “Тоҷпромбонк” дар Хуросон кор кардааст, ҳамчун шахси бовиҷдон алайҳи фиребкориҳо, аз ҷумла дар шуъбаи Тоҷпромбонк дар ноҳияи Хуросон ариза навиштааст ва то миёнаҳои моҳи январи соли равон алайҳи ӯ айбе эълон нашуда буд.”
Вакили дифоъ таъкид мекунад, ки парванда алайҳи зерҳимояаш феълан дар асоси як маълумотномаи нодурусти "Тоҷпромбонк" ифтитоҳ шудааст: “Бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки дар парвандаи ба истилоҳ “42 ҳазор доллари гумшудаи Тоҷпромбонк Соҳибназаров ягон долларашро аз худ накардааст. Гуноҳи ӯ дар он аст, ки ба роҳбарияти шӯъбаи Тоҷпромбонк дар Хуросон бовар карда, санадҳои қарзиро таҳия мекард, ки маблағи онҳоро раис ва сармуҳосиби шӯъбаи бонк мегирифтанд. Худи Соҳибназаров ягон долларро аз худ накардааст. Дар асоси ҳамин алайҳи Соҳибназаров аз рӯи моддаи 340 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ки он вазнин нест.”
Раҳматилло Зоиров илова намудааст, ки парванда аз рӯи моддаи 245 -- исрофкорию азхудкунӣ на алайҳи зерҳимояаш балки алайҳи сармуҳосиб ва хазиначии шӯъбаи “Тоҷпромбонк” кушода шуда буд, ки моҳи августи соли 2014 қатъ гардид. Раиси ҲСДТ бо зикри ин ҳама таъкид намудааст, ба ҳеч ваҷҳ роҳ намедиҳад, номи неки раҳбари шӯъбаи ҳизбаш дар Хуросон тариқи айбдоркуниҳои беасос бад карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки 2-юми феврали соли равон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадии Соҳибназаров Фирдавс Анваровичро ба парлумон рад кард. КМИР далели ба қайд нагирифтани номзадии Соҳибназаровро ба он рабт додааст, ки бар асоси мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ӯ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини дар моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262 қисми 3 банди “в” (қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба миқдори махсусан калон)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ бо моддаҳои мазкур ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ рӯзи 23 январи соли 2015 айб эълон шудааст.