Ду легионери “Хайр” барои бозӣ бо “Шайх Рассел”-и Бангладеш
Барандаи нишони нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол, дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат барои иштироки фаъол дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2015 ду легионер даъват кардааст.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, Владимир Веренкин, ҳамлагари 27-сола аз Қирғизистон ва Димитрий Медетский, нимҳимоягари 29-сола аз Латвия дар ҳайати “Хайр” ба майдон хоҳанд баромад.
Гуфта мешавад, Владимир Веренкин бозигари мунтахаби миллии Қирғизистон аст, ки дар дастаи “Олой”-и Ош бозӣ мекунад. Димитрий бошад, шомили тими миллии ҷавонон (U-17) ва (U-19) буд ва ҳоло дар клуби “Елгава”-и Латвия ҳунарнамоӣ мекунад.
Бозии дуюми даври интихобии Ҷоми Осиё-2015 миёни дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ва “Шайх Рассел”-и Бангладеш 10 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.