Алексей Наделсон, як вакили дифоъ бо нашри муроҷиатномаи видеоие аз мақомоти Русия хостааст, ба бедодгарию сохтакориҳо дар мақомоти тафтишотии Раёсати умури дохилии ғарби Маскав хотима диҳанд.
Наделсон, ки ҳимояти Аслиддин Асоев, як шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба уҳда доштааст, дар ин муроҷиатнома сабти пинҳонии Степан Корпутяк, муфаттиши Раёсати тафтишотии ғарби Маскавро пешниҳод мекунад. Корпут бехабар аз он ки ӯро сабт мекунанд, шеваи кори мақомоти пулиси Маскавро ифшо кардааст: “Заказҳо хеле зиёданд. Рақибонро бартараф мекунем. Баъзан маводи мухаддир партофта боздошт мекунем, ки хеле осон аст. Масалан як нозири роҳ зимни тафтиш маводи мухаддирро ба мошини нафари мавриди таваҷҷуҳ мепартояд ва ӯро дар постгоҳи дигар боздошт мекунем. Дигар радкуниҳои ин нафар фоида намекунанд, зеро ягон қочоқчӣ иқрор намешавад, ки воқеан мухаддирот аз ман аст. Бинобар ин дар суд чунин парвандаҳо бо маҳкумият анҷом меёбанд.”
Ӯ дар идома мегӯяд, дар парвандаҳое, ки далели гунаҳкорӣ кам аст, сохтакориҳо низ мешаванд: “Масалан, дар мавриди ҳамин Асоеви шумо делелҳо каманд. Аммо нафареро, ки беш аз 11 моҳ дар боздошт аст, озод кардан ғайриимкон аст. Медонед, ғайриимкон аст. Аз рӯи одамгарӣ ба ӯ ва ҳамсараш раҳмам меояд, аммо...”
Ба қавли Корпут, раҳбарият ба вай фишор меорад, то ҳар чӣ зудтар парвандаҳоро ба додгоҳ ирсол кунад: “Ин ҷо шахс гунаҳкор аст ё на фарқ надорад.”
Аслиддин Асоев, ки дар ин сабт мавриди таваҷҷуҳ аст, шаҳрванди Тоҷикистон, падари се фарзанд будааст, ки моҳи ноябри соли 2012 мошини “Рено”-ашро тариқи мағозаи комиссионӣ мефурӯшад. Баъди 11 моҳ бо ин мошин ҷиноят содир мешавад. Соҳиби нав автомобилро ба қайди мақомот нагузошта, бо рақамҳои транзитӣ онро идора кардааст. Бинобар ин ба гуфтаи вакили дифоъ мақомоти пулис Асоевро ба ҳайси соҳиби мошин боздошт кардаанд ва гарчанде ба ҷиноят рабте надорад, қариб як сол аст, дар боздошт нигоҳ медоранд: “Аз гуфтаи муфаттиш бармеояд, ки сарфи назар аз бегуноҳӣ Кумитаи тафтишотӣ ба ҳеч ваҷҳ ба озодии Асоев роҳ нахоҳад дод. Муфаттишон ҷинояткорони аслиро пуштибонӣ карда, бо гузашти муддати дароз ҳанӯз ҳам онҳоро дар пайгарди қонунӣ қарор надодаанд. Як шоҳиди тақаллубӣ, собиқ корманди пулисро, ки худ яке аз ҷинояткорон ҳаст, ҳимоят мекунанд.”
Дар пайи муроҷиати вакили дифоъ расонаҳои Русия аз барканорӣ ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи сардори пулиси ғарби Маскав -- Владимир Рожков ва муовинаш -- Александр Кузин хабар додаанд. Онҳо дар фасодкорию рейдерӣ муттаҳам мешаванд. Инчунин дар пайи ин муроҷиат Николай Белоножко, раҳбари Кумитаи тафтишотии ғарби Маскав ба истеъфо рафтааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, феълан ҷинояткориҳои дигари масъулини пулису муфаттишон дар ғарби Маскав ошкор шудаанд, ки тафтиши онҳо аз ҷониби Хадамоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотӣ идома дорад. Гузориши видеоӣ дар бораи барканории Рожков