Ҳалокати соҳибхонаи маст дар сӯхтори манзилаш
Мақомоти пулиси вилояти Суғд аз як сӯхтори маргбор дар шимоли кишвар хабар доданд, ки шаби 3 ба 4-уми феврал рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, тахминан соати 20:25 дар хонаи истиқоматии Фаёз Раҳматов, сокини 61-солаи шаҳри Конибодом дар масоҳати 2 метри мураббаъ сӯхтор сар задааст: “Дар натиҷаи сӯхтор соҳибхона, ки дар ҳолати мастӣ хоб будааст, аз бӯйи ғализи оташ заҳролуд шуда, ба ҳалокат мерасад”.
Мақомоти пулис сабаби сӯхторро нодуруст истифода бурдани асбобҳои барқӣ арзёбӣ мекунанд.