“Вавилон-М” дастдарозӣ ба суратҳисоби бонкияшро ғайриқонунӣ хонд
Масъулини ширкати мобилии “Вавилон-М” қарори Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди аз суратҳисобҳои бонкии ширкат ба таври маҷбурӣ ситонидани беш аз 337 миллион сомониро ғайриқонунӣ хонданд.
Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мактуби кумита “Оиди аз суратҳисобҳои бонкии ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи баҳсӣ” ба идораи ширкат низ ворид шудаст ва афзуд, ки онро хилофи қонун медонанд: “Баҳси ҶСП “Вавилон-Мобайл” бо Кумитаии андоз роҷеъ ба маблағи номбурда ҳанӯз ба итмом нарасида, дар айни замон дар марҳилаи назоратии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қарор дорад. Бинобар ин мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ изҳор медорем, ки қарорҳои Кумитаи андоз, аз 28 январи соли 2015 “Оиди аз суратҳисобҳои бонкии ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба таври маҷбурӣ ситонидани 337 миллиону 204 ҳазору 546 сомонӣ” хилофи қонун буда, то ба итмом расидани баҳсҳои судӣ Кумитаи андоз ба ҳеч ваҷҳ, бе қарори дахлдори судӣ ҳуқуқи аз суратҳисобҳои ширкат ситонидани ҳеч гуна маблағи баҳсиро надорад”.
Сухангӯи “Вавилон” афзуд, ин қарорро боз аз он ҷиҳат хилофи қонун меҳисобанд, ки маҳз дар марҳилаи назоратӣ, Суди олии иқтисодӣ шикояти назоратии “Вавилон-Мобайл”-ро баррасӣ карда, 26 январи соли 2015 ба ин мазмун, таъинот баровардааст: “1. Шикояти назоратии ҶСП “Вавилон-Мобайл”-ро аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2014 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2014 оиди парванда бо аризаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба ҷавобгарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи қисман беэътибор донистани санади санҷишии ҳуҷҷатии маҷмӯии такрории андоз аз 30 июни соли 2014 ва қарор (огоҳнома) оид ба натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатии андоз аз 14 июли соли 2014 ба маблағи 216 152 985 сомонӣ, ба истеҳсоли Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад. 2. Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ин таъинот, аз 26 январи соли 2015, иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанберо аз 20 октябри соли 2014 то хотимаи мурофиа дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ, боздоштааст. 3. Нусхаи ин таъинотро, Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи мактуб таҳти №15/38 аз 26 январи соли 2015 ба шикояткунанда, тарафҳои манфиатдор ва иҷрочиёни суди иқтисодии шаҳри Душанбе фиристодааст. Ин маънои онро дорад, ки Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, тибқи ин таъинот, аз 26 январи соли 2015, иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанберо аз 20 октябри соли 2014 то хотимаи мурофиа дар суди иқисодии марҳилаи назоратӣ, боздоштааст ва ҳама қарорҳои то ин замон баромада то ҳалли баҳс дар марҳилаи назоратӣ боздошта шудааст, аз ҷумла қарори мазкури Кумитаи андоз дар бораи аз суратҳисоби ширкат ба таври зӯри ситонидани маблағи баҳсӣ”.
Оқои Ҷумъаев дар идома гуфт, раҳбарияти Кумитаи андоз ҳангоми қабули қарор дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисоби ширкати “Вавилон-М” ба инобат нагирифтаанд, ки сухан дар бораи баҳсе меравад, ки “Вавилон-Мобайл” онро эътироф накардааст ва айни замон, ҳалли ниҳоии худро наёфта, аз ҷониби марҳилаи назоратии Суди олии иқтисодӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад.